Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитроандӯзҳо

Нитроандӯзҳо

Нитроандӯзҳо, бактерия­ҳои нитроандӯз, бактерияҳое, ки аммиак ва намакҳои аммонийро ба нитратҳо табдил медиҳанд; бак­терияҳои аэробӣ, серҳаракат (кам­енная доранд) буда, сокини хок ва обанборҳоанд Нитроандӯзҳо микробиологи рус С. Н. Виноградский соли 1889 кашф ва тавсиф кардааст (ин кашфиёт ба ӯ имкон дод, ки таълимоти хемосинтезро офарад). Ба нитратҳо мубаддал шудани NH3 (нигаред Нитрификат­сия) дар ду давра мегузарад. Аввал бактерияҳои нитритӣ (Nitrosomonas) NH3-po то нитрит оксид мекунанд: NHU+ + 11/202 -► N02“ — 2Н+ + HjO.

Сипас, бактерияҳои нитратӣ (Nitro- bacter) нитритро то нитрит оксид мекунанд: N02 -f- Va02 -*• N03 . Ҳамин тавр, дар байни ду гурӯҳи Нитроандӯзҳо муносибати метабиотӣ вуҷуд дорад: бактерияҳое, ки NH3-po оксид меку­нанд, бактерияҳои оксидкунандаи нитритро бо субстрат таъмин менамоянд. Нитроандӯзҳо ба монанди хемоавтотроф- ҳои дигар метавонанд аз ҳисоби энергияи оксидшавӣ карбони С02-и ат­мосфера ё карбонатҳоро аз худ кар­да, онро барои синтези моддаҳое, ки ба таркиби ҳуҷайра дохил меша­ванд, истифода баранд (Нитроандӯзҳо моддаҳои органикии хок, оби обанбор, муҳити сунъии ғизоро истифода намекунанд).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …