Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитратҳои селлюлоза

Нитратҳои селлюлоза

Нитратҳои селлюлоза, нит­роселлюлоза, эфирҳои мураккаби нитрати селлюлоза; формулаи умумиашон[СвН702 (О Н) з_г (0N03) х)п, қимати х аз 1 то 3 тағйир ёфта метавонад; массаи сафеди нарми нахдор, ки ба селлюлоза шабоҳат дорад. Хелҳои зерини Нитратҳои селлюлоза аҳамияти ама­лӣ доранд: коллоксилин (10,7—12,2% N дорад), пироксилин № 1 (13,0 — 13,5%’N дорад), пироксилин № 2 (12,2—12,5% N дорад). Зичии Нитратҳои селлюлоза 1580—1650 килограмм/метр3; дараҷаи миёнаи полимерзасияи коллоксилин 150— 600 (массаи молиаш 37500—150000), пи­роксилинҳо 1000—2000 (массаи молии 250000—500000) мебошад.

Ҳалшавандагии Нитратҳои селлюлоза ба микдори нитроген вобаста аст; ҳамаи намудҳои Нитратҳои селлюлоза дар асетон нағз ҳал мешаванд, дар об, бензол, чорхлориди карбон, бензин бошад, ҳал намешаванд; аз таъсири кислотаҳои сероби ғайриорганикӣ гидролиз ва аз таъсири ишқорҳо вайрон мешаванд Таҷзияи Нитратҳои селлюлоза дар ҳарорати 40—60° Селсия cap шуда, бо афзудани гармӣ бо таркиш ё афрӯзиш ба анҷом мерасад. Нитратҳои селлюлозаи техникиро дар 20—40% об ё спирт нигоҳ медо- ранд. Таъиноти истифодаи Нитратҳои селлюлозаро аз рӯи фоизи нитроген муайян ме­кунанд.

Коллоксилинро дар истеҳсоли сел­лулоид, нитролакҳо, нитроклейҳо, нитроэмалҳо ва пироксилинҳоро дар истеҳсоли борут, динамит ва дигар моддаҳои тарканда кор мефармоянд. Нмтратҳои селлюлоза тез даргиранда мебошанд, бинобар ин алҳол дар истеҳсолот онҳоро бештар ба асетатҳои селлюло­за ва полимерҳои синтезӣ иваз ме­кунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …