Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нисше Фридрих

Нисше Фридрих

Нисше Фридрих (15. 10. 1844, Рёккен, наздикии Лютсен, Саксо­ния— 25. 8. 1900, Веймар), файласуфи немис, намояндаи иррасиона­лизм ва волюнтаризм, шоир. Дар университетҳои Бонн ва Лейпсиг таҳсил кардааст. Солҳои 1869—79 профессори фи- лологияи классикии университети Базел. Ақидаҳои Нисше дар давраи гузариши капитализм ба зинаи охирини худ — империализм ташаккул ёфтааст. Таълимоти ӯ моҳияти иртиҷоии иде­ологияи буржуазиро инъикос менамояд. Фаъолияти Нисше ба се давра тақсим мешавад. Давраи аввали таълимоти Нисше дар зери таъсири А. Шо­пенгауэр ва Р. Вагнер ҷараён ёфта, волюнтарӣ буд. Дар давраи дуюми таълимоташ ба тарафи позитивизм ва табиатшиносӣ майл менамояд. Давраи сеюми таълимоти ӯ моҳияти метафизикӣ дорад.

Таълимоти Нисше дар ҳар се давра моҳияти иртиҷоӣ дошта, ба муқобили револютсия ва оммаи халқ равона шудааст.

Нисше идеологияро ба тарбияи оммаи меҳнаткашон («ахлоқи ғуломон») ва тарбияи синфҳои ҳукмрон (ахлоқи ҳокимон) тақсим намудааст. Мувофиқи ақидаи ӯ ирода асоси олам аст. Мундариҷаи асосиифалсафаи Нисшеро мафҳумҳои “олам”, “ҳаёт”, “ашё”, “инсон” ва ғайра ташкил медиҳанд. Нисше инсонро маҳсули биологие медонист, ки худро дар рафти инкишоф бо шаклҳои мураккаби олами беруна мутобиқ менамояд. Нисше барои ратсионализми методи фалсафиро бартараф кардан мекӯшад. Дар фал­сафаи Нисше мавзӯҳои мухталиф ба ҳам омехта мешаванд. Дар устураи «фавқулинсон» шахсияти фарди қавӣ (ки ба тарзи индивидуалӣ олами буржуазиро бартараф намудааст), хилофи ҳама нормаҳои ахлоқӣ, бо як ваҳшонияти ашадӣ бо ғояи ро­мантикии «инсони оянда* (ки ҷаҳо­ни муосирро бо ҳама қабоҳату кизбаш аз cap гузарондааст) омехта мешавад. Ҷаҳонфаҳмии Нисше, ки ба рӯҳияи «декаданси» (неоромантиам, импреосионизми адабӣ) «интиҳои қарн» қаробат дорад, хусусан дар шеърҳои лирикиаш хуб зоҳир мегардад.

Фалсафаи зиддиятноки Нисше ба равияҳои гуногуни афкори буржуазии асри 20, аз ҷумла фалсафаи ҳаёт, празматизм, экзистенсиализм таъсир расондааст. Нисше ба нависандагони охири асри 19 — ибтидои асри 20 ҳам дар Германия (С. Георге, Г. Маши, Т. Манн, Г.

Стриндберг (Шветсия), А. Жид (Франсия), Э. Синклер, Ҷ. Лондон (ШМА), Иқбол (Покистон) ва сим­волистҳои рус В. Иванов, А. Белый, В. Брюсов таъсир расонд. Эҷодёти Нисше аслан дар як вақт худифшо ва тасдиқи тамоюли маданияти буржуазӣ дар давраи империализм, «тимсоли» тамоюлоти иртиҷоӣ дар фалсафа, сиёсат ва ахлоқи асри 20 буд; нисшечигиро идеологҳои фашизми немис истифода намуданд. Аз Ф. Меринг ва Г. В. Плеханов cap кар­да, ҳамаи файласуфони марксист, ғояҳои Нисше ва нисшечигиро сахт ва босубот танқид намудаанд.

Адабиёт: Поля. собрание сочинений, том 1—9, Москва 1909—12.

Адабиёт: Манн Т., Философия Ницше свете нашего опита, Собрание сочинений, том 10 , Москва, 1961; Одуев С., Тропами Заратустры (Влияние ницшеанства на немецкую) буржуазную философию), Москва, 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …