Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нишондиҳандаи ранг

Нишондиҳандаи ранг

Нишондиҳандаи ранг дар астрономия, фарқи қадрҳои ситоравист, ки дар ду интервали дарозиҳои мавҷ ҳосил мешаванд; хусусияти асосии тақсимоти энергияро дар спектри ҷирми осмонӣ ва ранги он­ро ифода мекунад. Мафҳуми «Нишондиҳандаи ранг»- ро ибтидои асри 20 астрономи немис К. Шварсшилд ба илм дохил намуд. То солҳои 50-уми асри 20 Нишондиҳандаи pанги интер­националӣ маъмул буд, ки фарқи қадрҳои ситоравии интернасионалии фотографӣ ва фотовиауалиро ифода мекард. Дар маъмултарин системаи фотометрии астрономияи муосир ИВУ одатан Нишондиҳандаи ранги  И-В ва В-V истифода мешаванд, ки ба қадрҳои ситоравии соҳаҳои ултрабунафш (И), кабуд (В) ва зарди (V) спектр мувофиқ меоянд. Нишондиҳандаи рангро ё бо усули фотографӣ ва ё бо усули фотоэлектрӣ муайян кардан мумкин аст. Нишондиҳандаи ранг ҳангоми омӯзиши фурӯбурди рӯшноии байни ситораҳо ва системаҳои онҳо ва дигар объектҳо истифода ме­шавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …