Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нишонаҳои ҳарбӣ

Нишонаҳои ҳарбӣ

Нишоиҳое, ки дар либоси низомӣ дӯхта ё часпонда шуда, ба рутбаю дараҷаи хизматчиони ҳарбӣ ишорат мекунанд ва ба кадом навъи қушун тааллуқ доштани онҳоро нишон медиҳанд. Нишонҳои Ҳарбиро дар СССР Президиуми Совети Олин СССР муқаррар мекунад. Дар армияҳои ҳозира погонҳо, нишони каллапӯшҳо, петлитсаҳо — эмблемаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва остинӣ, кантҳо ва лампасҳо Нишонҳои ҳарбӣ ба шумор мераванд.

Дар Россияи асрҳои 16—17 дар қушунҳои стрелетсҳо офитсерон ва аскарони қаторӣ бо либосу аслиҳа аз ҳам фарқ карда мешуданд. Соли 1801 барои ҳама гуна қисмҳо погонҳои ҳарранга ҷорӣ гардиданд. Соли 1807 погонҳоро бо эполетаҳо иваз намуданд.

Дар Осиёи Миёна, қушунҳо аз давраҳои қадим ба савора ва пиёда тақсим шуда, аз рӯи сару либос, яроқу аслиҳа ва афзори асп фарқ мекарданд. Дар асрҳои 8—7 то мелод саворагон худ пӯшида, бо ҷавшану сипару шамшер, аскарони пиёда либоси нисбатан сабук дар бар карда, бо сипа­ру найза мусаллаҳ мешуданд. Тасвири сару либос, яроқу аслиҳа ва муҳорибаҳо дар бозёфтҳои археологӣ низ вомехӯранд. Дар яке аз пластинкаҳои тиллоӣ, ки аз хизонаи Амӯ ба даст омадааст, ҷанговари сакоие тасвир ёфтааст, ки либоси ҷангӣ пӯшда, акинак (навъи ханҷар) овехтааст. Дар релефи Тахти Ҷамшед ду ҷанговари сакон акс ёфтаанд, ки онҳо кулоҳи махрутӣ пӯшида, бо найзаҳо мусаллаҳ шудаанд. Ин нигоришот бо маълумоти Геродот роҷеъ ба либоси аскарони пиёдаи сакоиҳо мувофиқат мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки аскарони пиёдаи сакоӣ кӯлоҳи махрутии пашмӣ пӯшида, бо найза ва тиру камон мусаллаҳ мешуданд.

Дар манбаъҳои таърихӣ ва бозёфтҳои археологӣ роҷеъ ба лашкари мунтазами Суғд дар арафаи истилои араб маълумоти парокандае мавҷуд аст. Мувофиқи ахбори Табарӣ, аска­рони ихшидҳои суғдӣ ба ду гурӯҳ — лашкари мунтазам ва отрядҳои махсус ҷудо мешуданд, ки онҳоро чакир меномидаанд. Соли 1933 ҳангоми ҳафриёти қалъаи Муғ сипарӣ чӯбие ба даст омад. Дар рӯкаши чармии сипар саворае тасвир ёфтааст, ки камазӯли дароз пӯшида, миёнашро бо камарбанди заррин баста, бо шамшер, тиру камон, ханҷар ва гурз мусаллаҳ шудааст. Аз рӯи камар­банди заринаш тахмин кардан мумкин аст, ки дар сипар ҷанговаре аз табақаи доро акс гардидааст. Роҷеъ ба аскарони пиёдаи Суғд тасвири ҷанговарони суғдӣ дар ду тахтачаи гилӣ маълумот медиҳад. Дар ҳар ду тахтача ҷанговароне тасвир шудаанд, ки дар бар камзӯли дароз, дар cap худ, ба дастон дастпӯшаки чармӣ ва дар дасти росташон найза доранд.

Дар аҳди Сомониён қушун ба тартиби муайян дароварда шуд, ки он пеш аз ҳама ба сохти иқтисодию сиёсии ҷамъияти феодалии Осиёи Миёна вобаста буд. Лашкари Сомониён ба ду категория — мунтазам (гвар­дия) ва лашкари халқӣ ҷудо мешуд. Сафи гвардияро аз ҳисоби ғуломон пур мекарданд. Системаи тарбияи ғуломон вуҷуд дошт. Барои фарқ кардан ба аскарон аз рӯи соли хизматашон либоси гуногун медоданд. Мувофиқи маълумоти Низомулмулк, ғулом дар соли аввали хизмат ба сафи қушуни пиёда дохил шуда, ли­боси оддии пахтагӣ — запданаҷӣ мепӯшид. Соли дуюм ба ӯ аспу афзори оддӣ медоданд, дар соли сеюм ба гирифта гаштани навъи махсуси шамшер — қарачур ҳуқуқ пайдо мекард, соли панҷум соҳиби либоси нимабрешимӣ, гурз, ҷилави ситорадор мегардид, соли ҳафтум ӯро висоқбошӣ (сардори хайма) таъин мекарданд. Ҳамчун нишони фарқияти ҳарбӣ кулоҳи сиёҳи намадӣ ва ҷомаи зарбофт мепӯшид.

Кори ҳарбӣ хусусан дар аҳди Темур вусъат ёфт. Темур барои ба амал баровардани нақшаҳои ғоратгаронал худ кори ҳарбиро такмил дод. Лашкариён аз рӯи ранги сару либос, сохти худ, яроқу аслиҳа ва афзори асп аз ҳам фарқ менарданд. Темур барои отрядҳои алоҳида сару либоси ранги махсус ва нишонҳои гуногун ҷорӣ намуд. Барои гурӯҳҳое, ки дар кӯҳсор амал мекарданд, сару либоси махсуси сабук муқаррар шуд. Дар нимаи дуюми асри 18 қушуни аморати Бухоро танҳо аз саворагон — нӯкарон иборат буд, ки онҳо ба даҳӣ, панҷоҳӣ, садӣ ва ҳазорӣ тақсим мешуданд. Танҳо соли 1837 амир Насруллоҳ ба ташкили лашкари мунтазам шурӯъ намуд. Ӯ пеш аз ҳама ба ташкили қушуни пиёда аҳамият дод. Аз ҳисоби аспроли рус гурӯҳи тупчиён ташкил карда шуд. Барои сарбозон кулӯчаи моҳутии гулгун ва сиёҳ, ба­рои тӯпчиён кулучаи зард, шими сафед, телпаки пӯсти барра ҷорӣ гардид. Сару либоси сарбозон ва сарлашкаронро тоҷирони бухороӣ аз Россия меоварданд.

Баъди Faлабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистӣ Ок­тябрь дар Армияи Сурх аввалин Нишонҳои Ҳарбӣ январи 1919 ҷорӣ шуд. Бо укази Президиуми Совети Олии СССР аз 6 январи 1943 барои ҳайати шахсии ФҲБ по­гон ҷорӣ гардид. Дар ФҲБ баробари погонҳо, дар сари остин нашивка (аломати фарқияти дараҷаи аскарон, ки ба остин дӯхта мешавад) насб мекунанд. Нишонҳои Ҳарбӣ соли 1970 дар сари остини ҳайати аскарони қаторӣ ва сержантҳо, инчунин дигар намудҳои қувваи мусаллаҳ низ ҷорӣ карда шуд.

Ад.:     Троицкая А. А., Военное дело в Бухаре п первой половине XIX вена, (Сб. статей по истории и филол. пародов Средней Азии), «Тр. ИИАЭ АН Таджикской ССР», т. 17. Сталинабад, 1953; Д ж а л и л о в А., Согд на кану­не арабского нашествия и борьба сог- дийцев против арабских завоевателей в первой половине VIII в., «Тр. ИИАЭ АН Таджикской ССР», т. 90, Сталинабад, 1961; История таджикского народа, тт. 1—2, М.. 1963—64; Гафуров В. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и сред­невековая история. М., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …