Маълумоти охирин
Главная / Техника / Нишасти нарм

Нишасти нарм

Нишасти нарм, чунин нишасти аппарати париши кайҳониро меноманд, ки дар вақти он суръати аппарат дар лаҳзаи расиш ба сатҳи саиёра ва ё дигар ҷирмҳои осмонӣ камтарин (дар ҳолати идеалӣ — сифр) аст. Нишасти нарм бояд бутунии конструксияю системаҳои аппарат ва имконпазирии кори минбаъдаи онро таъмин намояд. Дар сайёраҳои атмосферадор Нишастии нармми аппаратҳои паришро бо роҳи нишастан чун само­лёт ё бо роҳи истифодаи системаҳои парашютӣ таъмин кардан мумкин аст. Нишасти нарми аппаратҳои париш ба ҷирмҳои осмонии беатмосфера бо роҳи ба воситаи муҳаррики тормозии ракета ё таҷҳизоти махсуси амортизатсионӣ пурра қатъ кардани суръа­ти фуруд ба даст оварда мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …