Маълумоти охирин

Нирвана

Нирвана (санскрипт— таскин, фурӯнишонӣ), мафҳуми марказии фалсафаи буддоия, ки ҳолати рӯҳӣ ва мақсади ниҳонии кӯшишҳои маънавии одамро ифода мекунад. Дар матнҳои буддоӣ Нирвана ҳамчун чизи даркнашавандаю бефоида ва ба ашён «ҳар ду олам» мухолиф тавсиф шудааст. Нирванаро дар таълимотҳои гуногуни динию фалсафии ҳиндӣ ба тарзҳои мухталиф таъбир мекунанд.

Мувофиқи ин таълимотҳо Нирвана танҳо ба шахсе муяссар мешавад, ки ӯ туфайли порсоию парҳезгорӣ ба «қудсият» расида бошад. Таълимоти маз­кур дар бораи ҳолати инсон баъди фавт ҷавоби саҳеҳе намедиҳад. Ғояҳои Нирвана табиатан идеалистӣ, ғайриилмӣ ва иртиҷоӣ мебошанд. Нирвана нисбат ба рӯйдодҳои ҷамъият майли фориғболию бетарафиро мепарварад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …