Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нирала Сурякант Трипатҳи

Нирала Сурякант Трипатҳи

Нирала Сурякант Трипатҳи (1896 — 15. 10. 1961, Оллоҳобод), нависандаи ҳинду. Яке аз асосгузорони ҷараёни романтикии чҳаявад. Баъдтар дар эҷодиёти Нирала ба ҷои ало- матҳои романтизм унсурҳои реалистӣ пайдо шуданд. Назми Нирала содда, фаҳмою равон буда, одатҳои иҷтимоию танқидӣ дар насраш қавист. Асарҳои асосиаш: маҷмӯаҳои ашъо- ри «Беном» (1923), «Баргҳои нав» (1946), «Садои суруд» (1954) ва ғайра; романҳои «Дӯшизаи осмонӣ» (1931), «Алака» (1933) ва ғайра; маҷмӯаи ҳикояҳои «Лили» (1933), «Завҷаи ҷаноби Шукла» (1941).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …