Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ниобий

Ниобий

Ниобий (лотинӣ Niobium), Nb, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев, рақами ат. 41, масса и ат. 92,9064. Ниобий як изотопи табиӣ 93Nb дорад. Ниобий 2 * 10_3% массаи қишри Заминро ташкил менамояд. Ниобий дар табиат асосан дар намуди оксидҳо дар таркиби минералҳо якҷоя бо Та, Ti, Са, Na, Th, Ғе, Ва ва ғайра дучор мешавад. Қариб 130 мине­рали Ниобий маълум аст. Аа 6 минерали аҳамияти саноатӣ доштаи Ниобий муҳимтаринаш пирохлор ва колумбит (ё инобит) аст.

Конҳои калонтарини Ниобий дар Америка, Канада, дар СССР (дар нимчазираи Кола) ҳаст. Ниобий металли хокистарранги пӯлодгун; зичиаш 8570′ килограмм/метр (20 Селсия), t гудозиш 2500р Cелсия, t ҷӯшиш 4927° Селсия аст. Ниобий аз ҷиҳати химивӣ  нофаъол буда, дар ҳаво танҳо дар ҳарорати аз 200° Селсия баланд оксид меша­вад. Ниобий дар ҳарорати баланд бо гидроген гидрид, бо нитроген нитрид, бо карбон карбид ва бо галогенҳо галогенид ҳосил менамояд. Ниобий ва хӯлаҳои онро дар саноат асосан бо усулҳои алюминотермӣ, натрийтермӣ, карботермӣ дар ҳарорати 1800— 1900° ҳосил мекунанд. Ниобийро дар ракетасозӣ, техникаи кайҳонӣ ва авиатсионӣ, радиотехника, электроника, сохтани аппаратҳои химиявӣ, энер­гетикаи атомӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Адабиёт: Недюха И. М, Черный В. Г., Ниобий — металл космической эры, Киев, 1965; Зелик май А. Н., Меерсоп Г. А., Металлургия редких металлов, Москва, 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …