Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нимҷазираи Малакка

Нимҷазираи Малакка

МАЛАККА (Malacca), нимҷазираест дар ҷанубу шарқи Осиё, ки қисми Ҷанубии нимҷазираи Ҳиндухитойро ташкил мекунад. Аз Ғарб бо баҳри Андаман ва гул. Малакка, аз Шарқ бо баҳри ҷануби Хитой ва халиҷи Сиам иҳота аст. Сарҳади шимолиаш— гарданаи Кра. Тӯлаш қариб 1300 км, масоҳаташ қариб 190 ҳазор км2. Қисми шимолиаш терр. Тайланд, ҷанубиаш — терр. Малайзия. Рельефи Малакка аз кӯҳҳои пасту миёна иборат. Нуқтаи баландтаринаш 2190 м (к. Тахан). Пастиҳои назди соҳил аксар ботлоқабр. Конҳои қалъагӣ, волфрам, тилло, мис, сурб, рӯҳ, маъдани оҳан, молибден, боксит, ангишт дорад.

Малакка

Иқлимаш экваторӣ, субэкваторӣ ва муссонӣ. Ҳарорати ҳамвориҳо дар давоми сол 25—27° С. Боришоти солона аз 1000—2000 то 4000 мм. Малаккаро бешаҳои анбӯҳи сернами тропикӣ фаро гирифтаанд. Дар бешаҳо аз ҳайвонот гиббон, лемур, тапири малай, каркадан, фил ва ғ. ҳаст. Плантацияҳои дарахтони каучук мавҷуданд. Шаҳрҳои калонтаринаш: Куала-Лумпур, Ипох (Малайзия).

Малакка дар харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …