Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нимҷазираи ЧУКОТ

Нимҷазираи ЧУКОТ

chukot

ЧУКОТ (нимҷазираи Чукот), нимҷазираест дар шим. шарқи Осиё, дар вил. Магадани РСФСР. Бо хал. Анадыри б-ҳои Беринг ва Чукот иҳота шуда, аз Америкаи Шимолӣ бо гул. Беринг ҷудо гардидааст. Қисми зиёди Чукотро Куҳсори Чукот ташкил медиҳад. Рельефаш асосан аз баландиҳои гунбазшакл ва қ-кӯҳҳои баландиашон 400—500 м иборат аст. Нуқтаи баландтаринаш к. Исходная (1158 м), ки дар ҷан. нимҷазира воқест. Сарватҳои зеризаминнаш: қалъагӣ, волфрам, тилло ва ғ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …