Маълумоти охирин

Нимча

Нимча ченаки вазн дар Осиёи Миёна. Нимча дар ноҳияиҳои мухталифи Осиёи Миёна, аз ҷумла аморати Бухоро гуногун буд. Бисёр маъхазҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Нимча дар Мовароуннаҳр баробари 1/256 ман аст.

Дар Бухоро ва Самарқанд бо мани 20 килограммӣ (асрҳои 15—16) Нимча тақрибан ба 78 грамм, дар Ҷиззах бо мани 8-пуда ба 512 грамм баробар буд. Дар Самарқанд охири асри 19 аз мани 16-пуда (баробари 1024 грамм) ёдоварӣ шудааст. Гарчи дар охири асри 19 ман аз истеъмол баромада бошад ҳам, Нимча ба монанди баъзе ченакҳои қиротӣ истифода мешуд. Нимчаи Тошкент ба 842 грамм, Балҷувон ба 24,57 килограмм, Ховалинг ба 26,618 килограмм, Кӯлоб ба 40 килограмм баробар буд.

Адабиёт: Р а х и м о в М. Р., Земледелие таджиков бассейна район Хингоу в дорево­люционный период (историко-этнографи­ческий очерк), Сталинабад, 1957.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …