Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нилотҳо

Нилотҳо

Нилотҳо, гурӯҳи халқҳои хеш, ки дар ҳавзаҳои болоӣ ва миёнаи Нил, соҳилҳои дарёҳои Баҳрулҷабалу Собати Республикаи Судон, дар ҳудуди байни кӯлҳои Виктория ва Рудолфи Угандаю Кения, дар Тан­зания, инчунин районҳои сарҳадии Республикаи Заир, Эфиопия ва Рес­публикаи Мисри Араб (РМА) зиндагӣ мекунанд. Шумораашон дар Рес­публикаи Судон бештар аз 4 миллион нафар (1970), Кения тақрибан 2,5 миллион Уганда қариб 2 миллион, Танзания тақрибан 0,3 миллион, Республикаи Заир зиёда аз 0,2 миллион, РМА 0,3 миллион ва дар Эфио­пия 0,1 миллион нафар .Нилотҳо ба забонҳои  лотинӣ гап мезананд, маданияти моддию маънавиашон ба ҳам хеле наздик.

Аз рӯи аломатҳои забонӣ Нилотҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 4) динка, нуэр, луо, ҷолуо; 2) бари, лотуко, тесо, масаи, нанди, сук, татог; ғайр аз ин нубиҳо ва нубиҳои кӯҳистониро баъзан ба Нилотҳо нисбат медиҳанд. Аксарияти диндорон ба расму оинҳои динҳои маҳаллӣ эътиқод доранд, қисми дигар (нубиҳо, луо)—мусулмонанд. Машғулияти асосиашон — парвариши чорвои калони шохдор, деҳқонӣ, моҳигирӣ ва шикор.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …