Маълумоти охирин

Нилак

Нилак (Amorpha), ҷинси раста­ниҳои буттаӣ ва нимбутта, мансуби лӯбиёиҳо. Барги тоқа-тоқаи паршакли мураккаб, гули майдае дорад, ки дар хӯшагул ҷойгир шудааст. Қа­риб 20 намудаш дар Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Аксари намуд­ҳои онро дар боғҳои ботаникии СССР парвариш мекунанд. Аз онҳо A. fru- ticosa чун растании ороишӣ парва­риш мешавад. Вай растании буттаӣ (баландиаш то 4 метр) буда, баргҳои кабуди арғувонӣ дорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …