Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Никосия

Никосия

Никосия, Лефкосия (Nicosia, Leukosia), пойтахти Республика к Кипр. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар қисми марказни ҷазираи Кипр, дар баландии 150 метр ҷойгир шудааст. Иқлимаш субтро­пикӣ, баҳримиёназаминӣ; ҳарорат миёнаи январ 10° Селсия, июл 28° Селсия.  Миқдори боришоти солона 360 миллиметр. Аҳолиаш 120 ҳазор нафар (1974). Узели нақ- лиёт. Роҳҳои автомобилгард Никосияро бо тамоми бандарҳои баҳрӣ ва шаҳрҳои калони Кипр мепайванданд. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Корхонаҳои саноати бофандагӣ, тамоку, чарму пойафзол, чӯбгарӣ, коркарди металл, хӯрокворӣ (заводҳои коняк, шарбати мева ва ғайра), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ дорад. Кулолгарӣ ривоҷ ёфтааст.

Никосия бозори гандум, равғани зайтун, бодом, вино ва меваҳои ситрусӣ мебошад. Дар шаҳр аз ёдгориҳои меъморӣ девори қалъаи шҳдр (1567), калисои ҷомеи София (ҳоло масҷиди Салимия; асрҳои 13—14), калисои августиниён (ҳоло масҷиди Умария; 1330), бозо­ри Бедистон ва ғайра боқӣ мондаанд. 12 китобхона, аз ҷумла китобхонаи туркии Мадмуди Никосия, муассисаҳои илмӣ, омузишгоҳҳои педагогӣ, политехни­кӣ, театр, якчанд музей, маркази телевизион мавҷуданд. Никосия маркази ту­ризм мебошад.

Никосия тақрибан асри 7 то милод бунёд ёфтааст (аввалҳо Ледра, дертар Левкотеон ном дошта, аз асри 13 Никосия ном гирифт. Онро соли 1570 туркҳои усмонӣ забт карданд. Аз 16 август 1960 — пойтахти Республикаи Кипр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …