Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШВЕРНИК Николай Михайлович

ШВЕРНИК Николай Михайлович

nikolayshvernik

ШВЕРНИК Николай Михайлович (19. 5. 1888, Петербург—24 12. 1970, Москва), ходими партиявию давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1958). Аъзои КПСС аз с. 1905. С-ҳои 1905—17 аъзои комитетҳои РСДРП-и Петербург, Николаевск, Тула, Самара. С-ҳои 1923—25 аъзои Президиуми Комиссияи Марказии Тафтишоти РКП (б) ва комиссари халқии Инспекцияи коргару деҳқони РСФСР. С. 1925—26 котиби Ком. партиявии вил. Ленинград ва Бюрои шимолию ғарбии КМ РКП (б). С-ҳои 1927—28 котиби Комитети партиявии вил. Урал. С. 1929 раиси КМ иттифоқҳои касабаи металлургҳо. С-ҳои 1930—44 котиби якуми ВЦСПС. С-ҳои 1944—46 ҷонишини якуми Раиси Президиуми Совети Олии СССР ва Раиси Президиуми Совети Олии РСФСР, раиси Совети миллатҳои Совети Олии СССР (1938—46). С-ҳои 1946—53 Раиси Президиуми Совети Олии СССР. С-ҳои 1953—56 раиси ВЦСПС. С-ҳои 1956—62 раиси Комитети назорати партиявии назди КМ КПСС; с-ҳои 1962—66 раиси Комиссияи партиявии назди КМ КПСС. Вакили съездҳои 14—23-юми партия; аз 1925 аъзои КМ, с-ҳои 1926—27, 1930—46 аъзои Бюрои ташкилии КМ, с-ҳои 1939—52 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ, с-ҳои 1953—57 номзад ба аъзоии Президиуми КМ КПСС, 1952—53 ва 1957—66 аъзои Президиуми КМ КПСС. Аъзои КИМУ (1927 —38) ва Президиуми КИМ-и СССР (1935—38). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1 —6). Бо 5 ордени Ленин мукофотонида шудааст. Дар назди девори Кремли Майдони Сурх маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …