Маълумоти охирин

Николаи I

Николаи I (Николай Павлович Романов, 06. 07. 1796, Сарское Село, ҳозира шаҳри Пушкин — 02. 03. 1855, Пе­тербург), императори умумироссия (1825—1855), писари сеюми император Павели I. Баъд аэ вафоти ногаҳонии бародараш Алекоандри I ба тахт нишаста, шӯриши декабристонро бераҳмона пахш кард. Маълумоти инженерию ҳарбӣ дошта, табиатан золиму бераҳм буд. Николаи I соли 1826 ба­рои муборизаи зидди ҳаракати револютсионӣ шӯъбаи сеюми идораи шахсии императора олимақомро ташкил кард.

Программои идеологияи расмии Россияи подшоҳиро «мутлақият, дини насронӣ, халқият» муайян мекард (дар зери мафҳуми халқият патриотизми сохта — таърифи тартиботи мавҷуда аз мавқеи миллатчигӣ фаҳмида мешуд). Ҳукумати Николаи I ташкилоти револютсионии петрашевчиён, шӯриши солҳои 1830—1831 дар Полша, Белоруссия ва Литваро пахш кард; ислоҳоти молиявӣ, идоракунии деҳқонони давлатиро гузаронд, дар бораи деҳқонони уҳдадор указ баровард, дар музофотҳои Ғарб қоидаҳои ҳисобу китобро ҷори намуд. Дар Европаи Ғарбӣ даракати револютсиониро пахш кард. Дар Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна сиёсати истилогаронаро пеш гирпфт. Дар ҷанги Қрим солҳои 1853—1856, ки Николаи I сабабгори cap шудани он гардид, Россия шикаст хӯрд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …