Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаи Кузанӣ

Николаи Кузанӣ

Николаи Кузанӣ (Nicolaus Cu-sanus), Николай Кребс (Krebs) (1401, Куза дар Мозел —11. 08. 1464, Тоди, Умбрия), файласуф, олим ва рӯҳонии немис. Фанҳои ҳуқуқшиносӣ, математика, табиатшиносӣ ва илоҳиётро омӯхтааст. Таълимоти Николаи Кузанӣ дар замони нуфузи ақидаҳои гуманистӣ, фанҳои дунявӣ ва таназзули схо­ластика асримиёнагӣ ҷараён ёфта, ба сиёсати мамлакатҳои Европа дар асри 15 таъсири калон расонидааст. Николаи Кузанӣ ҳамчун аввалин фаиласуфи дав­раи нав афкори универсалии асримиёнагиро ҷамъбаст намуда, баъзе ғоя ва методҳои математикаи табиатшиносиро пешгӯи карда аст. Таълимюти Николаи Кузанӣ дар бораи худо дар зери таъсири навафлотуния ташаккул ёфтааст. Николаи Кузанӣ худоро таҷассуми ягонагии ҳамаи зиддиятҳобоинтиҳоӣ ва беинтиҳоӣ, каму зиёд, куллу ҷузъ ва ғайра медонад. Ин ақида бо вуҷуди мазмуни ирфонию идеалистии худ аз аҳамияти ғояви холӣ набуд. Масалан, вай дар ин асос маҳдуд будани усули муқобилгузории маънавӣ,

мафҳумҳои математикии донистани табиат ва аҳамияти методологии онҳоро танқид намудааст. Тамоюли математикии таълимоти Николаи Кузанӣ хусусияти оптологӣ дорад. Николаи Кузанӣ космологияи Н. Коперпикро пешгӯи наму­да, ақидаи маркази олам будани заминро рад кардааст. Ҳамин тариқ, вай боинтиҳою абадӣ будани оламро исбот намуд.

Худоро гоҳо ҳамчун ҳастии мутлақ донистан ва баъзан таҷассуми ҳамаи зиддиятҳои олам эътироф намудани ӯ боиси хусусияти монотеистӣ ва пантеисти пайдо кардани таълимоти Николаи Кузанӣ гардидааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …