Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Николаевна Галина Евгеневна

Николаевна Галина Евгеневна

Николаевна (тахаллусаш; фам. В о л я н с к а я) Галина Евгеневна (18. 02. 1911, деҳаи Усманка, ҳозира райони Мариини вилояти Ке­мерово —18. 10. 1963, Москва), на­висандаи советии рус. Аз оилаи муаллим. Институти тиббии шаҳри Горкийро хатм кардааст (1935). Аз соли 1939 дар жанрҳои гуногун қувваозмоӣ кардааст (маҷм. шеърҳои «Аз банни оташ», 1946; новеллаи «Ҳалокати командарм», 1945; очеркҳои «Колхози «Трактор», 1948, «Нишонаҳои оянда», 1949). Дар романи «Дарав» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1951; тарҷ. Тоҷ. 1953), ки дар асоси он филми «Бозгашти Василии Бортликов» (1953) офарида шудааст, аз барқароршавии хоҷагии колхозӣ дар давраи баъдиҷангӣ ва зиндагиву аъмоли мардуми деҳоти Шимол сухан меравад.

«Қиссаи директори МТС ва сарагроном» (1954) аз ҳаёти ҷавонони советӣ ҳикоят мекунад. Дар романи «Задухурд дар роҳ» (1957; филми ҳамном 1961) Николаева манзараи зиндагии ҷамъияти советиро дар солҳои 50 офарида, муносибатҳои нави иҷтимоии байни шахсу коллек­тивро нишон додааст. «Ҳикояҳои Василисабибӣ дар бораи муъҷизот» (1962), ки манбаашон эҷодиёти даҳонакии халқ аст, дигаргуниҳои азими симои маънавии одами советиро инъикос менамоянд. Баъди вафоташ (1964) порчаҳо аз романи «Таъсира мутақобили зур» (дар бораи физикҳо) ва рӯзномаи лирикию фалсафии Николаева— «Боғи мо» ба табъ расидаанд.

Николаева дар асарҳояш ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони муосир таваҷҷӯҳи хосе зоҳир намудааст, масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва ахлоқиро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Асарҳои Николакаева ба забонҳои хориҷӣ ва забони халқҳои СССР тарҷума гардидаанд. Бо 2 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.; Собр. соч., т. 1—3, М., 1972—73.

Ад.; Русские советские писатели-про­заики. БиобиблиографическиЛ указатель, т. 3, JI., 1964; Пичурин JI. Ф.. Путь к «Битве…». Страницы жизни Г. Е. Ни­колаевой, Новосибирск, 1(970.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …