Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаев Георгий Александро­вич

Николаев Георгий Александро­вич

Николаев Георгий Александро­вич (таваллудаш 07. 01. 1903, Москва), олими советӣ дар соҳаи муҳосибот ва лопҳакашии ковструксияҳои кафшерӣ, академики АФ СССР (1979), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1953. Институти инженерони нақлиёти роҳи оҳани Моск­ва (1925) ва Университети давлатии Москваро (1928) хатм кард. Солҳои 1925— 1933 дар Комитета илмию техникии Комиссариати халқии роҳи оҳан кор кард. Аз соли 1930 дар Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Бауман дарс гуфт (аз 1939 профессори, аз 1964 ректор).

Николаев бори нахуст характеристикаҳои мустаҳкамии вибратсионии конструксияҳои кафшерро муқаррар намуд ва дар просесси лоиҳакашӣ шароитҳои техникии онҳоро кор карда баромад. Дар Иттифоқи Советӣ дар асоси тадқиқотҳои Николаев усули парчин, ки ҳангоми тайёр кардани дегу вагонҳо истифода мешуданд, зина ба зина ба усули кафшер иваз карда шуданд. Муаллифи як қатор тадқиқотҳои ҷиддӣ дар соҳаи шиддатҳои хусусӣ ва деформатсияҳо дар конструксияҳои кафшерӣ мебошад. Дар соҳаи танзими шиддатҳои боқимонда дар конструксияҳои каф­шерӣ, инчунин таъсири вақт ба ин навъи шиддаат тадқиқотҳои муҳиммеро анҷом додааст. Лауреата Мукофоти давлатии СССР (1972). Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …