Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаев Анатолий Василевич

Николаев Анатолий Василевич

Николаев Анатолий Василевич (27. 11. 1902, Оренбург—13. 02. 1977, Новосибирск), олими советӣ дар со­ҳаи химияиноорганикӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1958). Аъзои КПСС аз соли 1960. Баъди хатми Университети дарлатии Ленинград (1924) то соли 1957 дар институтҳои тадқиқоти илмии мамлакат дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1957—1977 директори Институти химияи ноорганикии Шӯъбаи сибирии АФ СССР, дар як вақт аз 1959 мудири кафедраи Университети Новосибирск. Корҳои Николаев оид ба намакҳои табиӣ (1927—1934) барои бунёди комбинати сулфати Кучук ва як қатор саноатҳои дигар асоси ил­мӣ гузоштанд.

Тадқиқотҳои термо­графии Николаев боиси кашфи гурӯҳбандии боратӣ ва исботи ҳолати ғайримувозанатии пайвастҳои комплексии платиноидӣ (сиспайвастҳо, димерҳо ва ғайраҳо) гардиданд. Николаев 4 навъи маҳлулҳои сахти намакҳои элементҳои нодирзаминро ошкор намуд. Корҳои Николаев ба назарияи экстраксияи пайваст­ҳои ноорганикӣ бахшида шудаанд. Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо барои экстраксияи лантаноидҳо, актиноидҳо, як қатор металлҳои ранга ва асил, экстрагенҳои нави эътимоднок пешниҳод карда шуданд. Николаев аввалин шуда натиҷаҳои тадқиқоти рентгепоспектралии экстрагенҳоро барои исботи характери бандҳо истифода бурд. Лауреати Мукофотҳои ба но­ми В. И. Бернадский (1946) ва ба номи Н. С. Курнаков (1977). Бо 2 ор­дени Ленин, 2 ордени дигар ва ме­далҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Клатратообразование и физико­химический анализ экстракционных сис­тем, Новосибирск, 1975 (хамрохи Н. И. Яковлев); Основы взаимодействия солей редкоземельных элементов (Двойные, тройные, 11 четверные системы). Новоси­бирск, 1977 (xiLMpoxu А. А. Сорокина ва дигарон).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …