Маълумоти охирин

Ниқоб

Ниқоб (ар. — парда, рӯпӯш, чашмбанд, чодир), 1) асбобест бо тасвири башараи ҳайвонот ва махлуқоти асотирӣ, ки шаблон базми хурсандӣ ба рӯй мекашанд. Ниқобро аз картон, пластмасса, гил ва дигар чизҳо сохтан мумкин. Ниқоб дар замонҳои қадим ҳангоми шикор ва маросимҳо истифода мешуд. Баъдтар Ниқобро ҳамчун унсури грими актёр дар театрҳо истифода мебурданд.

Дар театри халқии гузашта низ Ниқоб яке аз воситаҳои офаридани образ дар саҳна буд. Аз ҳарфиёти Афросиёб (а. 1) тасвири чор ҳунарпешаи ниқоббадаст ва аз Тӯпроққалъа (а- 3, Хо­разм) Hиқоби масхарабоз ёфт шуданд. 2) Никоб аксар ба маънои маҷозӣ низ истифода мешаванд. Масалан, «ниқоб гузоштан» ба маънои парда аз рӯй гирифтан, «ниқоби нилӣ» — киноя аз шаб, «ниқоби хазро» киноя аз осмон, «шикофтани ниқоби сухан» кушодани маънои сухан ва ғайра. Шахси риёкор, дурӯяро, ки асли сираташро пинҳон медорад, «одами ниқобдор» мегӯянд. 3) Бандинаи иштирокчиёни карна­вал ва маскарад, ки барои чашм сӯрохӣ дошта, ба қисми болои рӯй менӯшанд. 4) Нусхаи гаҷӣ, ки аз рӯи шахси марҳум гирифта мешавад. 5) Дар косметика яке аз усулҳои муолиҷа ва нигоҳубини пӯсти рӯй. 6) Қолабест, ки ҳангоми шамшербозӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ ба рӯй мепӯшанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …