Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Никитин Василий Петрович

Никитин Василий Петрович

Никитин Василий Петрович (14. 08. 1893, Петербург —16. 03. 1956, Мос­ква) олими советӣ дар соҳаи элект­ромеханика ва кафшери электрӣ, акад. АФ СССР (1939). Аъзои КПСС аз соли 1938. Институти политехликии Петербургро солм 1914 хатм кардааст. Солҳои 1925—1929 профессори Институти кӯҳкории Днепропетровск, 1929—1932 профессори Академияи кӯҳкории Москва, 1933—1950 профессори Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман, аз соли 1950 директори ҳамин омӯзишгоҳ.

Никитин, эҷодкори назарияи мошину аппаратҳо дар соҳаи кафшери электрии камонӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ трансформаторҳои кафшери сохта шудаанд. Саҳми ӯ дар бунёд кардани мошинҳои кафшери электрӣ дар СССР ва татбиқи он дар амалия калон аст. Никитин аз соли 1939 аъзои Госплани СССР, баъд ҷонишини раиси Госплани СССР (то 1943), раиси Секми­яи коркарди илмии проблемаҳои кафшери электрии АФ СССР (1941— 1947), аъзои Президиуми АФ СССР (1947—1953), раиси Совети филиалҳо ва базаҳои АФ СССР (1951—1954). Бо ордеии Ленин, ордени Байрақи Сур­хи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …