Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Никитин Афанасий

Никитин Афанасий

Никитин Афанасий (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1472), сайёҳ ва тоҷири рус аз шаҳри Твер (ҳозира Кали­нин). Никел  бо мақсади тиҷорат соли 1466 аз шаҳри Твер баромада ба воситаи дарёи Волга ва баҳри Каспий аввал ба Дарбанд, баъд ба Боку ва аз он ҷо ба Эрон сафар кардааст. Баҳори 1469 ба Ҳурмуз, сонӣ ба воситаи баҳри Араб ба Ҳиндустон рафта, он ҷо қариб се сол зиндагӣ кард. Соли 1472 ҳангоми баргаштан ба диёри худ дар наздикии шаҳри Смоленск вафот кард. Вай дар асари худ «Саёҳат ба он сӯи се баҳр» зисту зиндагонии аҳолии Ҳиндустон, сохти иҷтимоӣ, давлатдорӣ, дин, инчунин табиати нимҷазираи Ҳиндустон ва дигар шаҳрҳоро тасвир кар­дааст. Ин асар дар омӯхтани таъриху географияи мамлакатҳои Шарқ ба европоиён ёрӣ мерасонид. Дар зодгоҳаш ба хотираи Никел ҳайкали ёдгорӣ гузошта шудааст.

Ас.: Хождение за три моря… 1466— 1472, М., 1960.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …