Маълумоти охирин
Главная / Илм / Никелин

Никелин

Никелин, колчедани сурхи н и к е л, минерал, арсениди никел NiAs.

Дар таркибаш 43,9% Ni, 56,1 % As ва аксар вақт омехтаҳои СО, Fe, Sb ва ғайра дорад. Дар системаи гексагоналӣ кристалл мебандад, кристаллҳояш камёфт. Одатан массаҳои донадори яклухт ва агрегатҳои гурдамонанд ҳосил менамояд. Равгаш сурхи паст; ҷилояш металлӣ. Сахтиаш 5; зичиаш 7600—7800 кг/м3; мурт. Дар конҳои paгии гидротермалӣ якҷоя бо арсенидҳои никел, кобалт ва висмуту нуқраи холис вомехӯрад. Дар зонаи оксидшави ба осонӣ фарсуда шуда, аз он минерали аннабергит — Ni[AsO4]2 • 8Н2О пайдо мешавад. Конҳои Никел дар СССР (вилояти Кемерово, кишвари Краснодар, РАСС Тува), РДГ, ШМА, Канада маълуманд. Никел маъдани муҳими никел мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …