Маълумоти охирин
Главная / Илм / Никел

Никел

Никел (лот. Niccolum)! Ni, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев. Рақами атом 28, массаи атамӣ 58,70. Никели табиӣ аз омехтаи 5 изотопи собит иборат аст: 58Ni (67,76%), 60Ni (26,16%), 61Ni (1,25%), 63Ni (3,66%), 64Ni (1,16%). Hикелpo аввалин маротиба соли 1751 хи­мики швед А. Кронстедт ҳосил намуда аст. Никел 5,8 • 10-3% қишри Заминро ташкил менамояд. Бештар аз 53 минерали Никел маълум аст. Никел металли сафеди нуқратоб, ёзанда ва қаиш аст. Зичиаш 890 кг/м3 (дар 20°С); t гуд. 1453°С; t ҷӯш тақрбан 3000° С. Никел аз ҷиҳати химиявӣ бо Fe, Са, инчунин Си ва металлҳои асил монанд буда, дар пайвастҳои химиявӣ валенти тағйирёбанда (аксар вақт 2-валента) дорад.

Бо оксиген дар 500 ° С ба реаксия дохил меша­вад. Дар ҳолати кӯфта бошад, дар ҳаво месӯзад. Ҳангоми гарм кардан бо галогенҳо (X) пайваст . шуда NiX2, бо буғи фосфор Ni3P2, дар буғҳои S сӯхта Ni 3 Sj 2 ҳосил менамояд. Никел бо N2 ҳатто дар 1400° С низ пайваст намешавад. Нитриди Никел Ni 3N-po бо роob аз болои NiF2, NiBr2 ё Нbrtkи хокаb тафсон (445° С) гуза­ронидани NH3 ҳосил намудан мумкин аст. Никел дар H2SO4 ва НС1 сусту дар HNO3-и сероб бо осонӣ ҳал ме­шавад. Қариб ҳамаи намакҳои бо кислотаҳои зӯр ҳосилкардаи Ni дар об нағз ҳалшавандаанд. Аксари намакҳои Никел ҳангоми 600—800° С гарм кардан таҷзия мешаванд. Ишқорҳои зӯр ба Никел таъсир намекунанд.

Пайвасти комплексии Никел бо диметилглиоксим (C4H7О2N2)j Ni дар корҳои тадқиқотӣ барои муайян намудани Ni истифода мешаванд. Қариб 80%-и Никели истеҳсолшавандаро (ғайр аз СССР) аз маъданҳои сулфидии мису никелдор ҳосил мекунанд, Никелро асосан барои ҳосил намудани хӯлаҳои сахт, зангназананда, техникаи ракетӣ, таҷҳизоти газотурбинӣ, конструксияҳои реакторҳои атомӣ, истеҳсоли аккумуляторҳои ишқорӣ, ғулба, аппаратҳои махсуси химия­вӣ ва ғайра истифода мебаранд. Никел яке аз микроэлементҳои муҳим буда, дар растаниҳо 5,0 • 10—5% (нисбат ба массаи хушк), дар организми ҳайвоноти хушкигард 1,0 • 10-б %’ ва ҳайвонҳои оби 1,6 • 10—4% массаи онҳоро ташкил медиҳад. Никел дар ҳайвонот дар ҷигар, пӯст, ғадудҳои эндокринӣ бештар дучор мешавад. Хусусияти физиологии Никел пурра омӯхта нашудааст.

Ад.: В о й н а р А. И., Биологическая роль микроэлементов в организме жи­вотных и человека, М., I960; Рипап Р., Ч е т я я у И., Неорганическая хи­мия, т. 2, Металлы, М., 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …