Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниҳонии Акбарободӣ

Ниҳонии Акбарободӣ

Ниҳонии Акбарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоираи асри 16 форсизабони Ҳиндустон. Падараш аз мансабдорони дарбори Акбар буда, ғазал мегуфтааст. Ниҳонии Акбарободӣ дар хубрӯй шӯҳрат доштааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолашро тазкиранависон наовардаанд. Дар тазкираи «Рӯзи равшав» ин абёт ба ними ӯ сабт шудааст, ки оҳангҳои риндона доранд:

Дар мазҳаби мо тавба зи майхона ҳаром аст,

Зӯҳду вардъу сабҳаи саддона ҳаром аст.

Бо бодафурушон ғами айём ҳаром аст,

Бо дурдкашон давлати Баҳром ҳаром аст.

Фарз аот ба ошиқ, ки бинӯшад май таҷрид,

Бо зоҳиди худбин май гулфом ҳаром аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …