Маълумоти охирин

Ниҳол

Ниҳол 1) н а в п ӯ с т а, растаниҳое, ки барои дар бор, чорбоғ, кӯчабоғ ва ғайра шинондан месабзонанд. Ниҳоли дарахтони меваро дар гармхонаю парвардахонаҳо одатан бо роҳи пайванди ниҳоли хасак дар як ё ду сол парвариш мекунанд. Ниҳоли растаниҳои ғужуммева (кот, бушаҳрӣ ва ғайра)-ро, ки зироати яксолаанд, бе пайванд парвариш мекунанд. Бехҷастро низ чун Ниҳол (масалан, тӯти фарангӣ) истифода мебаранд. Дар ҷангалдорӣ асосан Ниҳолҳои аз тухму донак ё қаламча сабзонидаро ба кор мебаранд. 2) Ҳар гуна растении навруста ё дарахти навнишонда. 3) Бистар, рахти хоб, кӯрпаву болин, болишт.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …