Маълумоти охирин

Ниқрис

Ниқрис подагра (аз юн. раdos — пой ва agra — қапқон, дом), беморие, ки дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи моддаҳои нва дар бофтаҳо таҳшиншавии пайвастҳои турши пешоб ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Ниқрис асосан банд устухон ва гур­да иллат меёбад. Ниқрис якумин ва дуюмин мешавад. Ниқриси я к у м и н дар натиҷаи вайроншавии модарзодии мубодилаи моддаҳо ва истеъмоли нодурусти хӯрок ва Ниқроси дуюмин дар вақти аз сурб заҳролудшавӣ, баъзе бемориҳои хун ва ғайра пайдо ме­шаванд. Беморӣ оҳиста-оҳиста инкишоф ёфта, якбора авҷ мегирад. Ҳарорати ба 38—41° мерасад. Пӯсти бандҳои иллатёфта сурхча шуда, варам мекунад. Авҷи Ниқрис  3—4 ё 5—8 шабонарӯз давом мекунад. Беморӣ баъд аз якчанд шабонарӯз ё сол такрор шуда метавонад.

М у о л и ҷ а: бистарӣ кардани бемор, парҳез, истеъмоли доруҳои рафъи дард, физиотерапия ва ғайра.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …