Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нигористони Дрезден

Нигористони Дрезден

Нигористони Дрезден, музеи осори санъати рассомӣ дар шаҳри Дрез­ден. Соли 1560 ба сифати қасри осори санъат таъсис ёфта, аз соли 1722 Нигористони Дрезден ҷой гирифтааст. Солҳои 1847—1856 ба­рои ин нигористон бинои махсус сохта шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бисёр намунаҳои осебдидаи осори санъати Нигористони Дрезденро ба СССР оварда, баъди тармиму азнавбарқароркунӣ соли 1955 (1240 асари санъат) ба РДГ баргардониданд. Соли 1956 Нигористони Дрезден аз нав кушода шуд.

Дар Нигористони Дрезден нусхаи аслии асарҳои рассомонн италиявии асри 16 (Рафаэл, Ҷорҷоне, Титсиан, Веронезе), рассомони фламандии асрҳои 17—18 (Рембрандт, Я. Вермер, П. Рубенс), рассомони франсавии асрҳои 17—18 (Н. Пуссен, А. Ватто), рассомони немиси асри 16 (А. Дюрер ва дигарон) маҳфузанд. Нигористони Дрезден яке аз калонтарин музейҳои санъа­ти тасвирӣ буда, дар он осори санъ­ати нафисаи даврҳо ва халқҳои гуногун, асарҳои нодир ва пурқимати мактабҳои санъати тасвирии Евро­па, осори санъати тасвирии мамла­катҳои сотсиалистӣ ва намунаҳои санъати пешқадами мамлакатҳои буржуазӣ гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …