Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нигоҳдории тандурустӣ

Нигоҳдории тандурустӣ

Нигоҳдории тандурустӣ, маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ, иқтисодӣ, тиббӣ ва ғайра, ки ҷамъият барои муҳофизати беҳдошту тандурустии аъзоёни худ меандешад. Характери Нигоҳдории тандурустӣ пеш аз ҳама, ба сохти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият ва даълат вобаста аст. Мақсади Нигоҳдории тандурустӣ ҳам дар мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ҳам дар мамлакатҳои капиталистӣ пешгирию муолиҷа кардани бемориҳо. таъмин намудани шароитҳои хуби меҳнату маишат, дароз кардани ум­ри одамон аст, вале принсип ва ҳарактери он гуногун мебошад. Дар мамлакатҳои капиталистӣ Нигоҳдории тандурутсӣ сис­темаи мураккабе буда, асосан талаботи синфи ҳукмронро вонеъ мегардонад. Истисмор, бекорӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва ғайра дар мамлакатҳои капиталистӣ меҳнаткашонро дучори гуруснагию мӯҳтоҷӣ карда, боиси афзудани бемориҳои гуногун ва фавти зиёди одамон мегардад. Дар СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ бошад, Нигоҳдории тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, барои тамоми халқ хизмат мекунад. Дар ташкили он доираи васеи меҳнаткашон, органҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр барои инкишофи Нигоҳдории тандурустӣ марҳилаи нав гардид. Ташкил ва инкишофи минбаъдаи он бо нами В. И. Ленин, ки муҳофизати тандурустии халқро яке аз вазифаҳои муҳимтарини Давлатӣ Советӣ мешуморид, вобаста аст. 11 июли 1918 ӯ декрети СКХ РСФСР-ро оид ба таъсиси Комиссариати халқии Нигоҳдории тандурустӣ имзо кард. Барои ҳалли масъалаҳои илмию амалӣ дар назди ко­миссариат Совети илмии тиббӣ таш­кил шуд. Минбаъд дар ҳар як республикаи иттифоқӣ комиссариати

республпкавии Нигоҳдории тандурустӣ ташкил шуд. Барои координатсияи фаъолияти ин комиссариятҳо ва роҳбарии методӣ соли 1930 Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии СССР (аз 1946 Вазорати нигаҳдории тандурустии СССР) таъсис ёфт. Қоидаҳои Нигоҳдории тандурустии СССР дар «Асоси қонунҳои СССР ва Республикаҳои иттифоқӣ оид ба нигоҳдории тандурустӣ», ки аз тарафи Совети Олии СССР (1969) қабул гардидааст, қонунӣ карда шуданд. Мунтазам афзудани шумораи муассисаҳои муолиҷавию профилактикӣ ва санитарию эпидемиологӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани онҳо ба амалигардонии принсипҳои Нигоҳдории тандурустии советӣ имконият доданд. Фарқи принсипалии Нигоҳдории тандурустии Советӣ аз Нигоҳдории тандурустии капиталистӣ характери давлатӣ доштани он аст. Мувофиқи Конститутсияи СССР (моддаи 43) ҳар як гражданини советӣ дар вақти пирӣ ё беморӣ ва ҳангоми қисман ё пурра гум кардани қобилияти меҳнатӣ ба­рои ҳифзи тандурустӣ ва таъминоти моддӣ ҳуқуқ дорад. Плани тараққиёти Нигоҳдории тандурустӣ як қисми плани умумидавлатӣ буда, дар асоси перспективаю пешбинии тараққиёти иқтисодӣ, нишондодҳои демографию маълумотҳо оид ба беморӣ, инкишофи ҷисмонии аҳолии ноҳияҳои алоҳидаи мамлакат ва ғайра тартиб дода мешавад. Дар ҳалли масъалаҳои Нигоҳдории тандурутӣ дар баробари орган ва муассисаҳои он дигар ташкилотҳо низ иштирок мекунанд.

Характери профилактик ӣ доштани Нигоҳдории тандурустии советӣ ба алоқаи мутақобилаи организми одам ва муҳит асос ёфтааст. Ин припсипи Нигоҳдории тандурустӣ на танҳо ба ҳифзи тандурустӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳо равона шудааст, балки инкишофи мутаносиби одамон, ҳамаи ҷихатҳои ҳаёт ва фаъолияти онҳо (шароити меҳнат, зиндагӣ, хӯрок, истироҳат, тарбия ва ғайра)-ро низ дарбар мегирад. АИТ СССР, советҳои илмии тиббии Нигоҳдории тандурустӣ ва комиссияҳои онҳо инки­шофи тибби назариявӣ ва клиникӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими он ва татбиқи онҳоро дар амалия ҷорӣ мекунанд.

Иштироки а ҳ о л ӣ ва та шкилотҳои ҷ а м ъ и и т ӣ дар мубориза барои муҳофизату мустаҳкамгардонии саломатии одамон яке аз принсипҳои муҳимми Нигоҳдории тандурустии со­ветӣ мебошад. Дар Совети Олӣ ва Советҳои маҳаллии депутатҳои халқи комиссияҳои доимӣ оид ба Нигоҳдории тандурустӣ ва таъминоти сотсиалӣ амал меку­нанд. Онҳо ба кори органҳо ва массисаҳои Нигоҳдории тандурустӣ назорат карда, ба беҳтар гардидани фаъолияти онҳо ёри мерасонанд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таъмини муҳофизати тандурустии аҳолӣ иштирок мекунанд. Барои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи Нигоҳдории тандурустӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ таъ­сис ёфтааст.

Вазифаҳои асосии Нигоҳдории тандурустӣ дар СССР инҳоанд: ташкили ёрии муолиҷавию профилактики ба аҳолӣ, муҳофизати модарон ва кӯдакон, хизмати сани­тарию эпидемиологӣ, ёрии санато­рию курортӣ, маорифи санитара ва ғайра.

Хизмати мунтазами санитарию тиббӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон баъди барпо гардидани Ҳокимияти Со­ветӣ cap шуд. Органҳои маҳаллӣ ба ташкил кардани муассисаҳои тиббии гуногун шурӯъ намуданд. Ба туфайли тараққиёти мунтазами хоҷагии халқ Нигоҳдории тандурустӣ ва илми тиб муваффақиятҳои зиёде ба даст овард Дар соҳаи Нигоҳдории тандурустӣ  РСС Тоҷикистон, аз бисёр мамлакатҳои капиталистӣ пеш гузашт. Агар соли 1978 дар Тоҷикистон ба сари ҳар 10 ҳазор кас 22,8 духтур рост оид, дар ШМА—18,6, Британияи Кабир— 14,7, Франсия — 15,4 духтур рост меомад. Шумораи духтурон дар Тоҷикистон аз 19 (1913) то 8700 (1978) нафар, коркунони тиббии дорои маълумоти миёна бошад, аз 32 (1913) то 23790 (1978) нафар афзуд. Маблағ ҷудокунӣ ба Нигоҳдории тандурустӣ низ бо суръат меафзояд. Агар соли 1940 ба сари ҳар як кас 4,5 сум ҷудо шуда бошад, соли 1978 ин маблағ ба 38,3 сум расид. Афзоиши шумораи дорухонаҳо (аз 10 дар соли 1926 то 346 дар соли 1978) киоску пунктҳои доруфурӯшӣ (аз 100 дар соли 1929 то 583 дар соли 1978) . барои қонеъ гардонидани талаботи рузафзуни муассисаҳои тиббӣ мусоидат мекунад.

Дар Тоҷикистон кори тайёр кар­дани кадрҳои тиббӣ ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо низ нағз ба роҳ монда шудааст. Соли 1939 дар Сталинобод Институти тиббӣ кушода шуд (ниг. Институт давлатии тиббии РСС Тоҷикистон): Барои тайёр кар­дани кадрҳои дорои маълумоти миё­на дар республика 6 омӯзишгоҳи тиббӣ ва 26 филиали онҳо дар ҳузури беморхонаҳо мавҷуданд. Соли 1978 онҳо 1905 мутахассиси дороӣ маълумоти миёна тайёр карданд.

Барои ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва клиникӣ олимони Институти тиб­бӣ, институтҳои тадқиқоти илмии эпиде­миология ва гигиена, гастроэнтеро­логия машғуланд. 1 январ 1981 дар системаи Нигоҳдории тандурустии республика 623 корманди илмию педагогӣ, аз ҷумла 51 доктор ва 362 номзади илм кор мекард. Дар республика 3 курорт (Хоҷаобигарм, Обигарм, Шамбарӣ) ва 25 санатория (дорои 5,5 ҳазар кат), 9 хонаи истироҳату пансионатҳо (дорои 2,3 ҳазор кат) амал мекунанд. Чорабиниҳои беҳдошт, санитарию зиддиэпидемӣ ва муолиҷавию профилактикӣ, ки дар асоси мунтазам ба­ланд бардоштани дараҷаи некӯаҳолии моддӣ ва мадании халқ ба амал бароварда мешаванд, ба беҳтар гардидани вазъияти санитарии аҳолии РСС Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Фавти аҳолӣ соли 1940 нисбат ба 1913 3.5 маротиба, соли 1978 бошад, 5,5 маротиба кам шуд. Фавти кӯдакон низ мунтазам кам мешавад. Мувофиқи маълумоти Управленияи статистикии СССР аҳолии РСС Тоҷикистон  31% афзудааст ва Тоҷикнстон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар СССР ҷои якумро ишғол менамояд. Дарозии умри мардон дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 72 сол, дарозии умри занон бо­шад, 75 сол аст.

Ад.: ПетровсниП Б. В., Советское здравоохранение за 50 лет СССР. М., (967; Основы законодательства Союза ССР и союзных республик о здравоохра­нении, М., 1970; Таджикская Советская Социалистическая Республика, Д., 1971; Серенко А. Ф. Соболевский Г. Н., Здравоохранение социалистическо­го общества. М., 1975.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …