Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нигилизм

Нигилизм

Нигилизм (лот. nihil — ҳеҷ ва ҳеҷ чиз), дар Россия нуқтаи назарӣ интеллигенсияи ғайридворянии солҳои 60-уми асри 19, ки шаклҳои мухталифи идеологиям ҳукмрон, ахлоқ ва нормаҳои хулқу атвори ҳаётро қатъияи инкор менамуд. Нигилизм дар вазъияти револютснонии солҳои 1859— 1961 пайдо шуда, буҳрони системаи феодалию крепостноиро инъикос кардааст. Истилоҳи «Нигилизм» баъди наш­ри романи П. С. Тургенев «Падарон ва фарзандон» васеъ интишор ёфтааст. Иртиҷоъпарастони Россия револютсионорони демократро нигилист меномиданд. Дар асл Нигилизми револютсиони (В. И. Ленин, Ас., ҷ- 4, соли 276) ва интеллигентии анархистӣ (В. И. Ленин, Ас., ҷ- 17. соли 184) аз ҳам фарқ доранд. Нигилизм яке аз лаҳзаҳои ҷараёни ташаккули ҷаҳонбинии револютсионию демократӣ буда, ифодаи зуҳуроти пешқадам шуморида мешуд.

Нигилизми револютсионӣ ҳурофоти динӣ,  фалсафаи идеалистӣ, таассуби ҳаёти ҷамъиятию оилавӣ ва ақидаҳои либералии «санъат барои санъат», «илм барои илм»-ро рад намуда, талаботи озодии шахс ва баробарии занонро ба миён гузоштааст. Нигилизм ҷа­ҳонбинии мукаммал нест. Номуайянии программаи амал тарафдоронашро ба схематизм ва яктарафагии аз андоза берун мубтало гардонидааст. Аз ин рӯ, то охири солҳои 60 дар қатори ходимони фаъоли ҳаракати pеволютсионию демократӣ ходимони ноустувори либералӣ низ ба арсаи таърих омаданд.

«Русское слово» ва «Современник» органҳои адабие буданд, кп ақидаҳои Нигилизмро ифода мекарданд. Тамоми намояндагони доираи револютсионӣ-демократии солҳои 60-ум — Д. И. Писарев, Н. Г. Черни­шевский ва Н. А. Добролюбовро низ нигилист меномиданд. Моҳияти иртиҷоии Нигилизми интеллигенткии анархистӣ хоси фалсафаи буржуазист. Масалан, Нитсше ақидаи инкор намудани маданнят, нормаҳои ахлоқ ва хақиқати пешинаро ба миён гузоштааст. Нигилизми мазкур дар шароити имрӯза ба қисми интеллигенсияи майдабуржуазии мамлакатҳои напиталистӣ хос аст. Онҳо бо ёрии Нигилизми иртиҷоӣ норозогии худро ба муқобили идеоло­гияи расмӣ ифода мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …