Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нигерия

Нигерия

(Nigeria), Республи­каи Федеративии Нигерия (Federal Republic of Nigeria), давлатест дар Африкаи Ғарбй. Ба Иттиҳоди Британияи Кабир дохил аст. Дар Ғарб бо Бенин, дар Шимол бо Нигер, дар Шимол Шарқ бо Республикаи Чад, дар Шарқ ва Ҷанубу Шарқ бо Камерун ҳамсарҳад аст. Дар Ҷануб сарҳадҳои он то соҳилҳои халҷт Гвинеяи уқёнуси Атлантик рафта мерасад. Масоҳаташ 923,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 72,7 млн нафар (1978). Пой­тахташ — шаҳри Лагос (1,4 млн нафар 1973). Аз октябри 1982 пойтахт ба шаҳри Абуҷа кӯчид. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 19 штат тақсим шудааст.

Сохти давлатӣ. Нигер— республикаи федеративӣ. Сардори давлат ва ҳукумат президент, ки аҳолӣ ба муддати чор сол интихоб мекунад. Органи олии қонунбарор — Ассамблеяи миллӣ аз teнат ва палатаи намояндагон иборат аст. Ба штатҳо губер­натор ва Ассамблеяи якпалатагӣ роҳбарӣ мекунанд. Органи олии судӣ — Суди Олӣ; дар штатҳо Суди боло, судҳои магистратӣ ва муқаррарӣ.

Табиат. Қисми зиёди мамлакатро паҳнкӯҳҳое фаро гирифтаанд, ки аз 400 то 600 м баландӣ доранд; қисми баландтаринашон пуштакӯҳи Ҷос аст (нуқтаи аз ҳама баландаш 1735 м). Аз он ҷо пуштакӯҳ ба сӯи Ҷануб то халичи Гвинея (водиҳои Нигер ва Бенуэ), ба сӯи Шимолу Шарқ то кӯли Чад (ҳамвории Борну) ва ба сӯи Шимолу Ғарб то ҳамвории ҳавзаи дарёи Сокото тадриҷан паст шуда меравад. Дар Нигер аз Шимол ба Ҷануб кӯҳҳои Мандара, Шебиш ва ғайра тӯл кашидаанд (баъзе қуллаҳо то 2000 м ва бештар аз ин баландӣ доранд). Сарватҳои зеризаминӣ: маъданҳои калъагӣ, ниобий (колум­бит), волфрам, молибден, уран, ти­тан, оҳан, қӯрғошим, руҳ, нефт, газ, ангиштсанг, ангишти бӯр ва ғайра. Иқлими қисми шимоли Нигер экваториалию муссонӣ аст. Ҳарорати миёнаи моҳ аз ҳама гарм (апрел ё май) 25—33°С, моҳи аз ҳама хунук (декабр ё январ) 20— 26° С. Боришоти солона аз 500—700 мм то 1500 мм. Дар ҳамвории наздибаҳрӣ иқлим экваториалист. Дар ин ҷо ҳарорат миёнаи моҳи аз ҳама гарм (март) тақрибан 28° С, моҳи аз ҳама ху­нук (август) тақрибан 24° С, боришоти со­лона аз 1500—2000 мм то 4000 мм. Бештари дарьёҳо дар ҳамвории наздибаҳри (дарёи калон Нигер ва шохоби он Бенуэ), инчунин дар пуштакӯҳи Ҷос (дарёҳои Кадуна, Гонгола, Комадугу — Йобе) воқеанд. Хоки Ҷануб ва Шимол сурхи зардчатоби латеритиет. Дар самти Шимол рафта-рафта ҷои ҷангалҳоро ҷангалҳои тропикӣ ишғол намуда, баъди онҳо саваннаҳо меоянд.

Дар Ҷануб саваннаҳо минтақаи гузарише аз ҷангалҳои тропикӣ ба са- ваннаҳои муқаррарӣ мебошанд. Дар канораи Шимолу Ҷануб саваннаҳои соҳилӣ ҳастанд, ки баъди онҳо растаниҳои биёбонии Саҳрои Кабир падидор мешаванд. Аз ҳайвоноти дарранда паланг, шағол, гурбаи ваҳшӣ бештаранд. Оҳу (тақртбан 30 намуд) ва заррофаҳо низ бисёранд. Дар ҷангалҳои тропикӣ маймунҳо, дар саваннаҳо фил ва каркаданҳо, дар соҳилҳои дарёҳо баҳмутҳо зиндагӣ мекунанд. Аз хазандаҳо тимсоҳ калта- калос ва морҳо вомехӯранд.

Аҳолӣ. Нигерия аз ҷихати аҳолӣ калонтарин мамлакати Африка аст. Зиёда аз 200 халқ (асосиашон: хауса, фулбе, канури, йоруба, ибо, эдо ва ғайра) зиндагӣ мекунад. Қариб 1/2 аҳолӣ—мусулмон, 1/з насронӣ буда, боқимондагон дину мазҳабҳои анъанавии маҳаллиро мепарастанд. Забони расмӣ — англисӣ. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 65 нафар. Калонтарин шаҳрҳо: Лагос, Ибадан, Огбомошо, Кано, Ошогбо, Илорин, Абеоку­та, Порт-Харкорт, Зариа, Илеша.

Очерки таърихӣ. Дар территорияи Нигергия намудҳои давлатдорӣ ҳанӯз дар асрҳои аввали милод пайдо шуда, баъдҳо давлатҳои нисбатан калон ба вуҷуд омаданд: давлати Канем (асрҳои 8—9), Борну (асрҳои 16—17), шаҳр — давлатҳои Хауса (асрҳои 15—16) — дар Шимол; Ифе, Ойо, Бенин ва ғайра (асрҳои 12—19)—дар Ҷануб.

Дар ин ҷойҳо европоиҳо бори аввал дар асри 15 пайдо шуда, территорияи Нигерияро ба яке аз калонтарин минтақаҳои ғуломбадорӣ табдил доданд. Мустамликакунии англисҳо дар миёнаи асри 19 сар шуд. Соли 1862 мустамликаи англисии Лагос, 1900 протекторати Нигерияи Шимолӣ, 1907 протекторати Нигерияи Ҷанубӣ ба вуҷуд омаданд.

Соли 1914 онҳо бо номи «Мустамлика ва протекторати Нигерия» муттаҳид карда шуданд. Зулму истибдоди мустамликадорон, истисмори бераҳмона халқи маҳаллиро беш аз пеш хонахароб мекард ва ин боиси пурзуршавии эътирози мардумон мегардид. Аз ин ҷост, ки бар зидди мустамликадорон зуд-зуд шӯришҳо ба амал меомаданд. Баъди Ҷанги якуми Ҷахон (1914—1918) пайҳам ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1920 шӯъбаи нигериягии Конгресси миллии Африкаи Ҷанубӣ таъсис ёфт. Соли 1922 аввалин партияи сиёсии Нигерия— Партияи миллии демократӣ ташкил шуд. Солҳои 30 дар мамлакат ташкилоти калони ҷавонон — «Ҳаракати ҷавонони нигериягӣ» амал ме­кард.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳаракати миллии озодихоҳӣ боз ҳам бештар авҷ гирифт (масалан, корпартоии умумии соли 1945, намоишҳои эътирозӣ, намоишҳои пролетариат дар соли 1949 ва солҳои 50). Соли 1944 якумин партияи оммавии сиёсӣ — Совети миллии гражданҳои Нигерия (СМГН) ташкил ёфт. Г. Маколей раиси он, Н. Азикиве котиби генералиаш интихоб шуданд. Солҳои 50—60 дар мамлакат партияҳои дигар низ ба вуҷуд омаданд ва калонтарини онҳо —Гурӯҳи амал (ГА) ва Конгресси шимолии халқӣ (КШХ) бу­данд. Қатъи назар аз сиёсати англисии регионаликунонӣ (ба ҳам муқобилгузории району партияҳои гуногун ва роҳбарони онҳо, ба таври сунъӣ беҳад калон карда нишон додани фарқиятҳои этникӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра) , нигериягиҳо дар охири солҳои 50 дар масъалаи барои мамла­кат асосӣ — истиқлолият, ҳамраъйӣ ба даст оварданд.

Октябри 1958 дар конференсияи конститутсионии Лондон Британияи Кабир маҷбур шуд эълон кунад, ки аз 1 октябри 1960 ба Нигерия истиқлолият медиҳад. Ба сари ҳокимият ҳукумати коалитсионӣ омад, ки аз намояндагони КШХ ва СМГН (бо сардории А. Т. Балеви) ташкил ёфта буд. Ба даст омадани истиқлолияти сиёсӣ худ аз худ наметавонист, ки «омилҳои ҷудоӣ»-и аз мустамликадорон боқимондаро бархҳам занад. Онҳоро ҳамон вақт барҳам задан мумкин мегардид, ки мамлакат бо роҳи ислоҳоти ҷиддии иҷтимоию иқтисодие пеш равад, ки он ба барҳам додани имтиёзҳои таба­қаи болоии феодалӣ-аристократӣ, ба­робар карда ин дараҷаи тараққиёти соҳаҳои гуногун, баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии оммаи васеи аҳолӣ мусоидат кунад. Ҳукумати Балеви барои дигаргунсозии мамла­кат кӯшише намекард ва алоқаи худро аз Англия ҳам кандан намехост. Дар тамоми давраи ҳукмронии ҳукумати ба ном республикаи якум (октябри I960 —январи 1966) мамлакатро кризисҳои доимӣ ба ларза меоварданд. Ин ҳама боиси он гардид, ки январи 1966 ба сари ҳокимият ҳарбиҳо омаданд. Сардори аввалин ҳу­кумати ҳарбӣ генерал-майор А. Иронси буд.

Ҳукумати нав програм­маи тараққиёти босуръати иқтисодии мамлакатро пешниҳод кард, ки дар он баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии халқ пешбинӣ шуда буд. Вале қарори хатое, ки мувофиқи он мехостанд шароити воқеиро ба инобат нагирифта, тавассути декрети 24 май 1966 мамлакатро ба давлати унитарӣ (ягона) табдил диҳанд, эътирози ҷиддии аксари аҳолиро ба амал овард. 29 июни 1966 табаддулоти нав руй дод. Ба сари ҳукумат подполковник Я. Говон омад. Ин ҳукумат Нигерияро аз ҷанги байнихудӣ боздошта натавонист. Тирамоҳи 1960 дар вилояти шарқӣ тамоюлоти ҷудошавӣ авҷ гирифт. Моҳи май 1967 ин вилоят, ки ба он гурӯҳи ҷудоиандозандаи О. Очукву сардорӣ мекард, худ­ро республикаи мустақили Биафр эълон намуд. Аввали июли 1967 ҷанги байниҳудин 30-моҳа сар шуд, ки ба мамлакат осеби бузурги моддӣ ва маънавӣ расонд. Ҳазорҳо одамон талаф шуданд. Моҳи январи 1970 армияи Биафр таслим шуд. Қувваҳои ватандӯсти миллӣ дар мубориза барои ягонагӣ ва яклухт нигаҳ доштани территорияи ғалабаи таърихӣ ба даст овар­данд. Кори барқароркунӣ сар шуд ва босуръат пеш рафт.

Октябри 1970 ҳу­кумати Я. Говон программаи дар соли 1976 ба идоракунии гражданӣ гузаштани мамлакатро пешниҳод кард. Вале ин программа иҷро нашуд. Соли 1974 сардори давлат эълон кард, ки дар мӯҳлати муайяншуда Ҳокимиятро ба режими гражданӣ нахоҳад дод. Ин боиси эътирозҳои тезутунд гардид. Ҳукумати Я. Говон дар амал ба ҳукумати зиддихалқие табдил ёф­та буд. Я. Говон губернаторҳои штатҳоро, ки ба шоҳакони мутлақ табдил ёфта буданд, иваз кардан намехост (соли 1967 мамлакат ба 12 штат тақсим буд). Ришвахӯрӣ ба дараҷаи олӣ расида буд, нархҳо беш аз пеш баланд мешуданд. Ин ҳама боиси табаддулоти нав гардид. Ба сари сеюмин ҳукумати ҳарбӣ гене­рал-майор. М. Муҳаммад омад. Ҳукумати нав роҳи ҳалли масъалаҳои рӯзро пеш гирифт. Дар нимаи дуюми соли 1975 тозакунии дар таърихи Африка диданашудаи аппарати дав­латӣ ва армия ба амал бароварда шуд.

1 октябри 1975 ҳукумат плани дар соли 1979 зина ба зина ба рожими идоракуниии гражданӣ гузаштанро ба халқ эълон кард. Дар аввали соли 1976 дар мамлакат 7 штати нав барпо карда шуд. Ҳукумати М. Муҳаммад дар соҳаи сиёсати хориҷӣ рохи мустаҳкам намудани ягонагии давлатҳои мустақили Африка, барҳам додани режими нажодпарастонаи Африкаи Ҷанубӣ, дастгирии муборизаи халқи Ангола, бо мамлакатҳои сотси­алист вусъат додан ва мустаҳкам кардани муносибатро пеш гирифт. Ҳамаи ин хашму ғазаби иртиҷоъпарастони дохилӣ ва хориҷиро ба амал овард. Феврали 1976 табаддулоти нав ба амал омад ва М. Муҳаммад кушта шуд. Ба ҷои М. Муҳаммад сардори давлат ва ҳукумат О. Обасанҷо шуд, ки вай дар соҳаи сиёсати до­хили ва хориҷӣ қатъиян бо роҳи ҳукумати пештара рафтани худро изҳор кард.

Охири соли 1976 интихоботи органҳои маҳаллӣ гузаронда, лоиҳаи конститутсияи нав тайёр ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Сентябри 1979 Ш. Шагари президенти Нигерия интихоб шуд. Ӯ дар мам­лакат мустаҳкам намудани ягонагии миллӣ, ба ҳаёт татбиқ намудани шиори «мамлакати ягона — тақдори ягона» ва ғайраро бо роҳи дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба амал бароварда истодааст.

Партияҳои сиёси ва иттифоқи касаба. Ҳамаи партияҳои сиёсии Нигерия буржуазию демократӣ буда, солҳои 1978—1979 таъсис ёфтаанд: Партияи миллии Нигерия; П а р т ия и Халқии Нигерия; Пар­тия и ягонагии Нигерия; Партияи халқии Нигеряи К а б и р; Партияи эҳёи халқ; Конгресси меҳнатии Нигерия — ягона маркази иттифоқиои касаба.

Иқтисодиёт. Нигерия мамлакати аграриест, ки саноати нефтистеҳсолкунии равнақёбандае дорад. Аз ҷиҳати баровардани маҳсулоти нахли равғандеҳ ва истеҳсоли колумбит соли 1976 дар ҷаҳони капиталистӣ ҷой

1- ум, дар истеҳсол ва экспорти дони какао ҷой 4-ум, дар истеҳсоли чормағзи заминӣ ва каучук ҷой 6-ум дар истеҳсоли консептратҳои сурб ҷои 7-умро гирифт. Соли 1970 Нигерия ба қатори даҳ мамлакати калонтарини экспорткунандаи нефт даромада, соли 1974 аз ҷиҳати истеҳсоли нефт дар байни давлатҳои африкоӣ ба ҷои 1-ум баромад. Тақрибан 75% маблағгузории хориҷиён дар саноати Нигерия ба капитали англисҳо тааллуқ дорад. Тааррузи капитали америкоӣ ва Германияи Ғарбӣ ба иқтисодиёти Нигерия пурзӯр мегардад. Ҳукумати Нигерия барои

маҳдуд карданп доираи истифодаи капитали хориҷӣ тадбирҳо меандешад. Аз рӯи декрети нигерикунонии иқтисодиёт дар як қатор соҳаҳои саноат ва савдои чака ва иштироки ка­питали хоричӣ манъ ё маҳдуд кар­да шудааст. Муассиса ва корпоратсияҳои калони давлатӣ ба вуҷуд оварда мешаванд (2 ширкати давлатӣ дар майдони 60 ҳазор га барои парвариши гавдум, шолӣ, маис, маниок, 2 муассисаи насли автомошинҳо, корхонаҳои истеҳсоли маснуоти асбестӣ электродбарорӣ ва истеҳсоли каучук). Соли 1975 Нигерия ба иҷрои плани тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои солҳои 1975—1980 шурӯъ кард.

Асоси иқтисодиёти Нигерия хоҷагии қишлоқ аст. Дар он тақрибан 70% аҳолии қобили меҳнат кор мекунад. Ба хоҷагии қишлоқи Нигерия заминдории обшинагӣ хос аст. Соли 1978 истеҳсол карда шуд (ба ҳисоби ҳазор т.): равғани нахл—680, чормағзи заминӣ — 700, дони какао — 160, шо­лй — 580, каучуки табиӣ — 90, пах­та — 60. Барои бозори дохилӣ инчунин маҳсулоти зерини хоҷагии қишлоқ парва- риш карда мешавад (1978): чойҷуворӣ — 3,7 млн т, арзан — 3,1 млн т, ҷуворимакка — 1450 ҳазор т, ямс — 12,6 млн т, маниок —10 млн т, найшакар — 770 ҳазор т.

Чорводорӣ хусусияти экстенсивӣ дорад. Мамлакат соли 1979 (ба ҳисоби млн cap) гов —12,0, гӯсфанд — 8,5, буз — 24,5, хук — 1,1, мурғи хонагӣ —110 дошт. Моҳидорӣ тараққӣ кардааст (тақрибан 940 ҳазор т моҳӣ, 1979). Нигерия экспорткунавдаи калони чӯб аст (чӯбҳои пурқимати кайя, сапеле, ироко, ағба ва ғайра). Истеҳсоли тахта 2,2 млн м3, экспорт тахта 91 ҳазор м3 (1976). Қариб тамоми нефти Нигерия экспорт карда мешавад. Маҳсулоти нефт дар заводи назди Порт-Харкорт бароварда мешавад. Истеҳсоли маъдани Қалъагӣ (3,9 ҳазор т, 1978), маъдани ниобий (колумбит, 0,8 ҳазор т) ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳри Ҷос заводи қалъагигудозӣ ҳаст. Истеҳсоли ангишт дар шаҳрҳои Анамбра ва Квара марказонида шу­дааст. Ба миқдори на он қадар зиёд волфрамит, сурб, руҳ ва ғайра ис­теҳсол карда мешавад.

Соли 1978 5,2 млрд кВт. с. энергияи электр истехҳсол карда шуд. Дар саноати коркарди Нигерия роли асосиро соҳаҳои хӯрокворӣ ва бофандагӣ мебозанд. Калонтарин муассисаҳо: заводҳои равғани нахл ва истеҳсоли маҳсулоти какао дар Лагос, тамбку ва консерви мева дар Ибадан, заводҳои равғани нахл ва консерви гӯшт дар Кано. Муҳимтарин маркази бофандагӣ  Кадула аст. Саноати химия собун, маҳсу­лоти парфгомерӣ ва дорувор, пла­стмасса ва ғайра истеҳсол мекунад. Нигерия саноати резини техникӣ, муассиса­ҳои коркарди каучуки табиӣ ва ис­теҳсоли шинаҳо дорад. Муассисаҳои асосӣ дар Лагос, Порт-Харкорт, Абе, Кано ҷойгиранд. Дар саноати кор­карди металл бештар устохонаҳои механикӣ ва таъмир мавҷуданд. Заводҳои васлкунии велосипед, мошииҳои боркаш, тракторҳо, радиоаппаратураҳо ва гайра кор мекунанд. Соли 1975 ду заводи автомобилваслкунӣ («Пе­жо», дар Надува ва «Фолксваген», дар Лагос) сохта шуд, ки ҳар кадоми онҳо соле 20 ҳазор мошин истеҳсол менамоянд.

Калонтарин маркази коркарди металл Лагос аст. Асоси саноати металлурги гузошта меша­вад, дар Эмен заводи прокати пӯлод кор мекунад. Бо ёрии СССР сохтави комбинати металлурги пешбинӣ шуда­аст, ки он соле тақрибан 1 млн т пӯлод хоҳад гудохт. Саноати семент рӯ ба тараққист. Заводҳои асосии семевт дар Нкалагу, Эвекоро, Сокото, Калабар воқеавд. Заводи истеҳсоли маснуоти асбестӣ дар Орон аст. Дар Сапел комбинати калони чӯбу тахта ҳаст. Корхонаҳои мебелсозӣ, комбинати селлюло­заю коғаз (дар Ҷебба), фабрикаи гӯгирд (дар Илории) амал мекунанд. Касбу ҳунарҳои анъанаҷӣ: бофан­дагӣ, кандакорию ҳаккокӣ, чармгари ва кулолӣ. Нефт, дони какао, палмиста, қалъагӣ, каучук, чормағзи заминӣ, чӯб, колумбит экспорт кар­да мешавад; мошин ва тақҳизот, молҳои саноатии истеъмоли, химикатҳо, озуқавор, нӯшокиҳо ва тамокуро аз хориҷа меоранд. Шарикони асосии савдои Нигария: ШМА, Британияи Кабир. Нидерланд, Франсия, Япония, РФГ. Воҳиди пул- найра. Тӯли роҳи оҳан 3,5 ҳазор км (1979), роҳҳои мошингард 104,5 ҳазор км ва роҳҳои дохилии обӣ — 7,2 ҳазор км. Роҳҳои асосии обии Нигерия— дарёи Нигер ва шохоби он Бенуэ. Бандарҳои калони баҳрӣ: Лагос, Порт-Харкорт, Бонни, Сапеле, Варри, Буруту. Аэропортҳои байналхалқӣ дар Лагос ва Кано воқеъ гардидаанд.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1979 ба ҳар 1 ҳазор нафар 49,6 таваллуд, 18 фавт, ба ҳар 1 ҳазор кӯдаки навзод 57 фавт рост меомад. Дарозии миёнаи умри мардон —37,2 сол, занҳо —36,7 сол. Патологияи инфексионӣ бештар аст. Аз касалиҳои карантинӣ табларзаи зард, нағзак, вабо мушоҳида карда шудааст. Касалиҳои тифи шикам, дизентерияи батсиллавӣ, сил, махав, трахома, касалиҳои гузарандаи бачагон, касалиҳои ҷимоӣ бисёранд. Дар ҳама ҷо вараҷа мушоҳида мешавад. Касалиҳои полиомелит, гепатити вирусӣ хеле бисёр аст. Дар Нигерия шакли омехтаи нигаҳдории тандурустӣ (ҳам ёрии тиббии хусусии капиталистӣ ва ҳам сектори давлатӣ) вуҷуд дорад. Соли 1968 2,8 ҳазор касалхонаи дорои 28,1 ҳазор кат буд (0,5 кат ба 1000 кас). 3 ҳазор нафар духтур (1971) кор мекард (1 духтур ба 29 ҳазор кас), аз ҷумла 626 нафар африкоиҳо. Духтуронро факултети тпббии Университети Ибадан, мактабҳои Лагос ва Зари тайёр мекунанд. Аз СССР соли 1969 таҷҳизоти тиббӣ, 1968—1970 дорувор, лавозимоти банду баст, 1971 ваксина барои мубориза бо эпидемияи вабо оварда шуд. Дар Лагос маркази байналхалқии барҳамдиҳии вараҷа кор мекунад.

Маориф. Дар ибтидои 1975 70% аҳолӣ бесавод буд. Дар мактаби ибтидоӣ тақрибан 50% бачаҳои 6—12-сола таҳсил мекарданд. Аз соли 1976 таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи нопурра бепул, дар мактаби 6-солаи ибти­доӣ ҳатмӣ эълон карда шуд. Соли таҳсили 1975-1976 дар мактабҳои иб­тидоӣ 5 млн талаба мохонд. Мӯҳлати таҳсил дар мактаби миёна — 7 сол (5+2). Соли таҳсили 1975-1976 дар мактабҳои миёна тақрибан 500 ҳазор та­лаба буд. Соли таҳсили 1974-1975 дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ 47 ҳазор хонанда, дар системаи тайёрии касбҳои техникӣ тақрибан 21 ҳазор хонанда, дар мактабҳои олӣ 23,3 ҳазор студент буд. Дар мамлакат 13 университет ҳаст: Университети Ибадан (таъсисаш 1962), соли таҳсили 1976-1977 зиёда аз 7,5 ҳазор студент донш. Университети Зариа ба номи Аҳмаду Белло (таъсисаш 1962) зиёда аз 6,7 ҳазор студент; Университети Нсукка (таъсисаш 1960) зиёда аз 6,6 ҳазор студент, Унститути Ифа (таъси­саш 1961) зиёда аз 5 ҳазор студент;1976 як қатор университетҳо дар шаҳрҳои Порт-Харкорт, Сокото, Илорин, Калабара, Майдугири ва ғайра таъсис ёфтанд. Нигерия чунин китобхонаҳо дорад: Китобхонан миллӣ дар Лагос (1962), китобхонаи Университети Ибадан (1948), китобхонаи Университети Ифа, китобхонаи Ун-иверситети Нсукка ва ғайра Музейҳои Нигерия: дар Лагос, дар шаҳрҳои Бенин, Кано, Ифа, Илорин, Кадуна ва ғайра

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1977 дар Нигерия 100 нашрияи даври чоп мешуд. Газетаҳои ҳаррӯза ба забони англнсӣ: «Дейли таймс» _(«Dai­ly Times»), газетаи ҳукумати, дар Лагос нашр мешавад, таъсисаш 1925. «Нью найҷириан» («New Ni­gerian»), газетаи ҳукумати, дар Кадуна ва Лагос нашр мешавад, таъ­сисаш 1948. «Уэст африкаи пайлот» нашр мешавад, таъсисаш 1937. «Дей­ли скетч» («Daily Sketch»), дар Иба­дан нашр мешавад, таъсисаш 1964. Газетҳои ҳарҳафтаина: «Санди таймс» («Sunday Times»), дар Лагос нашр мешавад, газетаи якшанбеги, ба за­бони англисӣ, таъсисаш 1953. «Иро- хин йоруба», дар Лагос ба забони  йоруба нашр мешавад, таъсисаш 1945. Журналҳо: «Драм» («Drum»), дар Лагос нашр мешавад, таъсисаш 1954. «Африкэн спарк» («African Spark»), дар Лагос нашр мешавад. «Нью хорайзон» («New Horison»), прогрессивӣ, таъсисаш 1976. Агентии навигариҳои Нигерия («New Ageney of Nige­ria»)— агеитии миллии ахборот, таъ­сисаш 1976, октябри 1978 ба кор cap кард. Ширкати радиошунавонии Ни­герия (The Nigerian Broadcasfing Corporation), таъсисаш 1957, дар Лагос воқеъ аст ва программаи худро ба забонҳои англисӣ, аробӣ, франсавӣ ва забонҳои маҳаллӣ мешунавонад. Ба он Хизмати толевизионии Нигерия (Nigerian Television Servi­ce) (таъсисаш 1962) дохил аст.

Адабиёт. Аксари нависандагони Нигерия ба забони англисӣ менависанд. Ба забонҳои йоруба, ибо, хауса анъанаҳои адабӣ ба вуҷуд омаданд. Аз охири асри 19 — аввали асри 20 публистистика, ки дар хизмати ҳаракати озодихоҳӣ буд, ташаккул ёфт. Солҳои 20—40 назми гражданӣ ба вуҷуд омад (Н. Азикиве, Д. Осадебей). Солҳои 30 драматургия ташаккул ёфт. Аввалин романи нигерӣ  «Одамони шаҳр»-и  С. Эквенси соли 1954 нашр шуд. Дар насри солҳои 60 таваҷҷуҳи нависандагон ба муҳиту маишат, кӯшиши дар назари хонандаи европоӣ «сафед карда» нишон додани Афри- каи патриархалӣ мушоҳида меша­вад: романҳои О. Нзекву «Асои офо» (1961), Э. Амади «Зани худо» (1966). Адибон бештар ба масъалаҳои иҷти­моӣ майл доранд: К. Агунва (таваллуд 1933) «Боз як бор кӯшиш кун», Фло­ра Нвана (таваллуд 1931) «Эфуру»  ва диг.  Дар романи Т. Алуко (таваллудаш 1920) «Хешовандон» (1966) кӯшиши офаридани идеали гражданӣ дида ме­шавад. Тамоюлоти асосии тараққиёти насри нигерӣ—ташаккули реализми танқидӣ дар романҳои Ч. Ачебе (таваллуд 1930) ба авҷи аъло расид (три- логияи «Вайронӣ ҳам омад», «Зиндагии беқарор», «Тири худо»). Дра­матургия ва назми солҳои 60 мазмуни иҷятимоӣ пайдо кард (В. Шойин­ка, достони «Идапре», песаҳои «Рацқси ҷангал», «Роҳ», «Косили Конги», Ҷ. Кларк, песаҳои «Суруди буз», «Озодӣ»).

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Иқоматгоҳи анъанавӣ хонаи гилин аст, (мудаввари бомаш конусшакли хасин ё чоркунҷаи бомаш ҳамвор ва ғайра), ки аксаран кандакорӣ шудааст. Дар асри 14 дар шимоли Нигерия баробари паҳн шудани дини ислом масҷидҳо ба вуҷуд омаданд. Охири асри 19 ба меъморӣ унсурҳои бароккои Америкаи Лотинӣ роҳ ёфт. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон шаҳрҳо бо биноҳои серошёна, асосан аз рӯи лоиҳаҳои меъморони англис, бо истифодаи масолеҳ ва конструксияҳои ҳозиразамони бинокорӣ сохта мешуданд. Баъди истиқлолият гирифтани Нигерия меъморони маҳаллӣ ба майдон омаданд (О. Олумуйива, А. Аҷеми). Акнун дар меъмори ороишоти барҷаста (панҷараҳо ва ороиши дару тирезаҳо), ки устоҳо дар заминаи анъанаҳои эҷодиёти халқӣ иҷро мекарданд, васеъ истифода бурда мешавад. Қадимтарин ёдгориҳои санъати тасвирии Африка ба маданияти Нок мансубанд. Дар ноҳияҳои гуногуни Нигерия ҳайкалчаҳои биринҷӣ ёфт шудаанд. Қадимтарини онҳоро ба аввали давраи милод нисбат медиҳанд. Дар шаҳр — давлатҳои Ифа (асрҳои 11—13) ва Бенин (асрҳои 13—19) сохтани ҳайкалҳои сафолӣ ва биринҷӣ бағоят равнақ ёфта буд. Тарошидани ҳайкалҳои хурди чӯбини одамон ва ҳайвонот анъанаи қадимиест дар байни халқҳои йоруба, ибо, лбибио, иҷо, экои. Ҳунарҳои бадеии халқӣ бо ҳайкалтарошии анъанавӣ алоқаи зич до­ранд (тайёр кардани Курсиҳои кан­дакорӣ, дастионаҳо, матоъҳои рангоранг, зарфҳои гуногуншакли сафо­лӣ, шишагӣ, чармин ва ғайра). Ҳайкалтарошон О. Идах, Ф. Идубор, А. Аканҷи, рассомон У. Океке, И. Вангбоже ба анъанаҳои санъати нигерӣ такя мекунанд. Намояндагони ҷараёни реалистии навъи европоӣ рассом А. Онаболу, ҳайкалтарош Б. Энвонву мебошанд.

Ад.: ОльдероггеД. А., Западный Судан в XV—XIX вв., Очерки по исто­рии и истории культуры, М.—Л., i960;

П р и б ы т к о в с к и ft Л. Н., Нигерии в борьбе за независимость, М., 196.1.; А со­ли Н. С., Нигерия, М., 1963; И с м а г и- л о в а Р. Н., Народы Нигерии, М., 1963; Искусство стран и пародов мира, т. 3, М., 1971; Петров Е. А., Нигерии. М, 1971; Вавилов В. Н., Проза Ниге­рии, М., 1973; Бейлис В. А., Воле Шойинка, М., 1977; Современна л Ниге­рия (справочник), М., 1974.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …