Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзии Самарқандӣ

Ниёзии Самарқандӣ

Ниёзии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Тақрибан дар чоряки аввали асри 16 дар Самарқанд ба дунё омада, ҳамон ҷо савод баровардааст. Ниёзии Самарқанд аз табақаи аҳли меҳнат буда, то охири умр аз зодгоҳаш берун нарафтааст.

Бино ба ишораи сарчашмаҳои адабию илмӣ («Музаккир-ул- адбоб»-и Нисорӣ», «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ ва «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ) Ниёзии Самарқандӣ шоири соҳибмаърифат ва ҳозирҷавобу тундзабоне будааст. Намунаҳои ашъораш, ки дар тазкираву баёзҳо сабт шудаанд, инро тасқид мекунанд. Аз мероси боқимондаи Ниёзии Самарқандӣ бармеояд, ки дар гуфтани ғазалу рубоӣ тавоно буда, ин қабил ашъораш дар мавзӯъҳои панду ахлоқ, табиати фусунгар, ишқу ошиқӣ, шиква аз зиндагии ноҳирҷор ва ғайра суруда шудаанд.

Ад.: Абдуллаев В. А., Валя* ходжаев Б. II., Дыхание веков, Са­марканд, 1070.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …