Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзии Бухороӣ

Ниёзии Бухороӣ

Ниёзии Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 тоыик. Дар Бухоро ба дунё омада, дар ҷавонӣ (тақрибан байни солҳои 1564—1566) ба Ҳиндустон рафтааст. Дар доираи адабии Ҳинд иштирок намуда, баъди 10 сол ба ватан бармегардад. Тазкиранигор ва ҳамзамони Ниёзии Бухороӣ Нисории Бухороӣ, ки бо ӯ вохӯрда, ҳамсӯҳбат шудааст, дар «Музаккир-ул- адбоб» зикр мекунад, ки Мавлоно Ниёзии Бухороӣ валади Мавлоно Саидалӣ буда, «табъаш бечошнӣ нест», ашъори рангин ва накӯ дорад. Ашъори Ниёзии Бухороӣ пароканда буда, дар баёзу тазкираҳо дучор меояд. Мавзӯи асосии эҷодиёти шоирро васфи ишқ, панду насиҳат, шикоят аз зиндагиву зулми замона, баъзан танқиди аҳкоми дин ташкил медиҳад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …