Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзӣ Шавкат Муҳаммадович

Ниёзӣ Шавкат Муҳаммадович

Ниёзӣ Шавкат Муҳаммадович (19. 12- 1927, шаҳри Самарқанд), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Бародари нависанда

Ф. Ниёзӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Коркуни Хизматнишондодан Маданияти РСС Тоҷикистон (1976). Коркуни Хизматнишондодаи Маданняти РСФСР (1978). Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намудааст (1948). Солҳои 1948—1957 дар институти мазкур муаллим буд ва бо мақолаҳои танқидии адабӣ дар матбуот баромад мекард. Аз соли 1957 дар ҳузури котиботи Правленияи ИН СССР вазифаи котиби масъули Сове­ти адабиёти тоҷикро ба ҷо меорад. Чанд муддат ходими калони Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон ва дотсепти Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский буд. Тадқиқоти Ниёзӣ ба баъзе масъалаҳои адабиёти советии тоҷик бахшида шудааст. Монографияи «Назми эпикия советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1968) ва мақолаҳои ӯ «Суруди чашмнсор» (1956, дар бораи назми А. Шукӯҳӣ), «Роҳҳои тараққиёти адабиёти советии тоҷик дар солҳои 1954—1959», «Оид ба масъалаи анъана ва навоварӣ дар назми тоҷик» (1971) аз ҳа­мин ҷумлаанд. Яке аа муаллифони китоби бисёрҷилдаи «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» (М., ҷ.,

1—6, 1970—74; қисми адабиёти сове­тии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ). Ӯ «Зарбаи аввалин»-и А. Стил, «Бародарон»-и Б. Сайтоқов, «Васса Железнова»-и М. Горкий, «Дар паси фронти дуюм»-и В. Собко ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума карда­аст. Аз соли 1959 узви ИИ СССР.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …