Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ниёзӣ Нурмуҳаммад

Ниёзӣ Нурмуҳаммад

Ниёзӣ Нурмуҳаммад (Н и ё з м а т о в Нурмамат; таваллудаш 03. 01. 1947, райони Хуҷанди вилояти Ленинобод), шоири советии тоҷик. Аа оилаи коргар. УДТ-ро соли 1969 хатм кардааст. Ходими адабии газетаи «Пионери Тоҷикистон», муаллими забони русии мактаби миёна, ходими адабӣ, муҳаррири калони Комитети вилоятии радио ва телевизиони Ленинобод буд. Аз соли 1981 мухбири махсуси газетаи «Маданияти То­ҷикистон» дар вилояти Ленинобод. Соли 1980 маҷмӯаи нахустини Ниёзӣ «Ниҳоли навбар» ба табъ расид. Ниёзӣ ба мавзӯъҳои Ватан, мазаммати ҷанг, пайванди наслҳо, тавсифи меҳнати деҳқони забардаст бештар таваҷҷӯҳ дорад (шеърҳои «Ман инсонам», «Пайванди офтоб», «Мӯйсафед». «Кӯҳу саҳро» ва ғайра). Ниёзӣ шеърҳои бачагона низ эҷод мекунад. Чанде аз шеърҳояш ба забони русӣ (алманахи «Вдохновение», журнали «Литературная учёба») чоп шудаанд. Узви ИН СССР аз соли 1980.

Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1981.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …