Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нидои Бухороӣ

Нидои Бухороӣ

Нидои Бухороӣ Хоҷа Абдулкарим валади қозӣ Маҳ­муд ибни қозӣ Ихтиёр (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1605, Ҳиндустон), шоири тоҷики нимап дуюми асри 16. Дар Бухоро таваллуд ёфта, таҳсили илмро низ дар ҳамон ҷо гузаронидааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ Нидоии Бухороӣ бо вуҷуди мартабаи баланд ва фазлу дониш табиатан шахси бисёр фурутану хоксор будааст. Бо Мутрибӣ ва Хоҷа Ҳасани Нисорӣ робитаи дӯсти дошта, пайваста дар маҷлисҳои ада­бии онҳо иштирок мекардааст. Пас аз нашъу намо дар Бухоро Нидои Бухороӣ ба Ҳиндустон сафар карда ба дарбори ҳукмрони он кишвар — Акбар роҳ ёфт. Осори Нидоии Бухороӣ ба таври пароканда дар тазкираву баёзҳо то замони мо расидааст. Нидоии Бухороӣ дар мавзӯъҳои ишқӣ, ҳасбиҳолӣ, маддӣ ва ғайра дар қолаби анъанавии шеъри классикии форс-тоҷик ғазалу рубоиҳо ва дигар навъҳои шеърӣ эҷод кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …