Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нидо дар илми бадеъ

Нидо дар илми бадеъ

Нидо дар илми бадеъ, яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Ба сомеъ ва ё хонанда бо хитобҳои музтарибона ва бо ҳиссиёт муроҷиат кардани шоир Нидо мебошад. Тавассути он эҳсосоти ҳаячономези шоир ва қаҳрамони асари ӯ, баъзан ҳиссиёти хурсандӣ, ғазабу адоват иброз дошта мешавад. Масалан, нидои Маҷнун дар сари қабри падар дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низо­мии Ганҷавӣ ва мурочиатҳои каҳрамони лирикии ҳикояи «Бадор»-и Ҳаким Карам. Дар эҷодиёти шоирони классикии форс-тоҷик, махсусан дар қасидаҳои маддӣ, Нидоро дар хитобу муроҷиатҳои шоир ба мамдӯҳ мушоҳида менамоем. Дар эҷодиёти шоирони советии тоҷик ин санъат маъмул аст. Мирзо Турсунзода гуфтааст:

Марам аз дӯст чун оҳу,

Ба ман сирри дилатро гӯ, Тара-Чандрӣ,

Тара-Чандрӣ!

Тара-Чандрӣ!

Ту, эй боэигари хинду!

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …