Главная / Гуногун / ПУССЕН Никола

ПУССЕН Никола

nicolas-poussin

ПУССЕН (Poussin) Никола (15. 6. 1594, Лез-Андели, Нормандия,—19. 11. 1665, Рим), мусаввири франсавӣ

Намояндаи барҷастаи класситсизм. Осори санъати атиқа, ҳамчунин асарҳои Рафаэл, Титсианро ҳаматарафа омӯхта аст. Фаъоляяти эҷодиаш аз кашидани мусаввараҳо ба мазмуни асарҳои Овидий, Вергилий, Тит Ливий оғоз ёфтааст. Асосан дар Рим зиста, асарҳои безаволашро офаридааст. Дар асарҳои аввалинаш—«Зӯҳра ва сатирҳо» (1625— 1627, Нигористони миллӣ, Лондон), «Зӯҳраи хуфта» (1625—1626, Нигористони мусаввараҳо, Дрезден), «Ри­налдо ва Армида» (1625—1627, Музейи санъати тасвирии ба номи Пушкин, Москва) ва ғайра таъсири санъати атиқа ҳувайдост. Принсипҳои класси­тсизм махсусан дар асарҳои баъди нимаи дуюми солҳои 30 эҷоднамудаи Пуссен равшан зоҳир шудааст. Як қатор асарҳо ба мавзӯъҳои динӣ, мифологӣ, таърихӣ ва адабӣ бахшидаи Пуссен— «Раҳо кардани Исо аз Салиб» (тахминан 1630, Эрмитаж, Ле­нинград), «Тарбияи Муштарӣ» (тахминан 1630, Берлин), «Ванханалия» (1636, Нигористони- миллӣ, Лондон), «Чӯпонони диёри саодат» (варианти дуюм, тахминан 1650, Лувр, Париж), «Истироҳат дар роҳи Миср» (1658, Эрмитаж, Ленинград) ва ғайра бо композитсияи дақиқ, тасвири мукаммал ва ифодаи мамунҳои иҷтимоӣ ба эҷодиёти рассомҳои минбаъда таъсири калон расондаанд. Дар поёни умраш силсилаи асарҳои , манзаравиро бахшида ба фаслҳои сол офарид, ки дар байни онҳо «Зимистон ё обхез» (1660—1665, Лувр, Париж) мавқеи намоён дорад. Пуссен инчунин ҷиҳатҳои назариявии класситсизмро асоснок намудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …