Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нгуён-бинӣ-Кхием

Нгуён-бинӣ-Кхием

Нгуён-бинӣ-Кхием (1492 — 28. 11. 1586), шоир ва мутафаккири ветнамӣ. Аз оилаи ашроф. Соли 1535 соҳиби дараҷаи баланди илмӣ гардида, ба хидмати салтанати сулолаи Мак дохил шуд. Аз зулму тааддии аъёну ашроф норозигии худро ба шоҳ изҳор намуда, хоҳиш кардааст 18 нафари онҳо ба қатл расонида шаванд, вале ҳукмрони давр ба ин суханони ӯ эътиное накардааст. Соли 1542 Нгуён-бинӣ-Кхием ба деҳаи худ баргашт ва дар хонае бо номи «Оромгоҳи абри сафед» маскан гирифт. Нгуён-бинӣ-Кхием муаллифи «Маҷмӯаи шеърҳо аз «Оромгохи абри сафед» ба забонхои ветнамӣ ва вэньян мебошад. Нгуён-бинӣ-Кхием  ба мавзӯъҳои истисмор, зулму тааддӣ рӯ оварда, инҳоро сабаби вайронии ахлоқ донистааст. Вай феодалонеро, ки бо ҷангҳои байниҳамдигарӣ машғул буданд, сахт мазаммат кардааст. Дар бисьёр шеърҳояш зиндагии фориғболонаро дар оғӯши табиат васф мекунад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …