Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нгуён Конг Хоан

Нгуён Конг Хоан

Нгуён Конг Хоан (таваллуд 6. 3. 1903, деҳаи Суанкау, музофоти Хын- тиен), нависандаи ветнамӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Ветнам (аз соли 1948). Соли 1926 омузишгоҳи педагогиро хатм намудааст; то соли 1945 муаллим буд. Иштирокчии Ҷанги Муқобилати халқи Ветнам (1945—54). Устоди ҳикояҳои хурди ҳачвӣ (маҷмӯаи «Актёр Ты Бен», 1935). Яке аз аввалин романҳои реалистии адабиёти Вьетнам — «Қадами охирин» (1938) —дар бораи деҳқони шӯрбахт ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Дар романҳои пасазинқилобиаш зимомдорони Ветнами феодалию мустамликавиро ҳаҷвнигорона тасвир кар­дааст: «Нимсоя ва нимравшанӣ»(1956), «Издиҳом» (1961), «Як туда кӯҳнакола» (1963). Муаллифи ёддоштҳои «Ҳаёти ман дар адабиёт» (1971). Аз соли 1957 ин ҷониб яке аз роҳбарони ИН Ветнам.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …