Маълумоти охирин

Нгуен Хюэ

Нгуен Хюэ(Nguyen Hue)   Нгуен ван Хюэ   Куанг Чунг,  Бак Бинь Выонг (1752, Ветнами Марказӣ — 1792, Тханглаунг, ҳозира Ханой), бародари сеюми хурдии пешвоёни ҷангҳои деҳқонии тэйшонҳо дар Ветнам (1771—1802). Соли 1788 бо номи император Куанг Чунг ҳокими Ветнами Шимолӣ гардид.

Соли 1789 ба армияи сулолаи Леи Ветнам ва қӯшунҳои сулолаи ғо­ратгари Цини манҷурӣ, ки ба Вет­нам зада даромада буданд, шикаст дод. Нгуен Xюэ ба армия такя карда, си­стемаи феодалиро барқарор намуд, ки дар натиҷа тадриҷан аз дастгирии деққонон маҳрум шуд. Баъди вафоти Нгуен Xюэ дар байни пешвоёни тэйшонй низоъҳо авҷ гирифт. Ин ба феодалҳои Ҷ. бо сардории Нгуен Ан (Зя Лонг) имкон дод, ки бо кӯмаки тоҷирон ва миссионерони Франсия шӯришро пахша кунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …