Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Незвал Витезслав

Незвал Витезслав

Незвал (Nezwal) Витезслав (26. 5. 4900, Бискоупки, Моравия —6. 4. 1958, Прага), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1953). Аз соли 1924 аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия. Соли 1919—22 дар университетҳои Брно ва Прага ҳуқуқ ва фалса­фро омӯхтааст. Дар достони «Ҷодугари ҳайратовар» (1922), маҷмӯаҳои «Пантомима» (1924), «Гулбогчаи садбарг» (1926) оҳангҳои револютсионӣ садо медиҳанд. Дар достонҳои «Эдисон» (1928) ва « Нидои вақт» (1931) меҳнати эҷодӣ васф шудааст. Дар маҷмӯаи «Билети бозгашт» ва асарҳои дигари солҳои 30 Незвал кишвари азизашро васф мекунад ва бар зидди сохти буржуазӣ, хавфи фашизм эътироз баён карда, ба револютсия умед мебандад.

Дар давраҳои истилои гитлерӣ дар Чехословакии Незван маҷмӯаи ашъори ватанпарваронаи «Панҷ дақиқа роҳ берун аз щаҳр» (1939), достони ҳаҷвии «Пруссакҳо» (1939), достони «Манзараи таърихӣ»-ро (1939) нашр кардааст, Баъд аз соли 1945 дар ҳаёти ҷамъиятӣ (аъзои Комиҷроияи Фронти миллӣ буд) ва мадании Чехословакия иштирок карда­аст. Дар маҷмӯаҳои «Соатдои бузурги бурҷ» (1940), «Болҳо» (1952), «Гу­ли гандум ва шаҳрҳо» (1955), дос­тонҳои «Суруди сулҳ” (1950; Меда­ли тиллои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ, 1953), «Дар ситоиши диёри азиз» (1951) рӯҳи одамони даврони мо, драматизми мубориза дар роҳи сулҳ ва сотсиализм тасвир шудаанд. Незвал муаллифи ёддоштҳои «Аз ҳаёти май» (1957—58; иотамом) аст. Вай песаҳо ва пантомимаҳо менавишт. Бастакор ва рассоми боистеъдод низ буд.

Адабиёт: Токсина И. В., Витезслав Нез­вал. Биобиблиографиический указатель. Москва, 1967.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …