Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейтрон

Нейтрон

Нейтрон (англисӣ neutron, аз лотинӣ neuter — на ину на он, ишораташ п), зарраи элементарии хунсо (безаряд)-и массаи сукунаташ тп = = (1,674920±0,000011) • 10 кг, спинаш 1/2/ (бо воҳидҳои h =h/2П ), ин ҷо h— собитаи Планк ва момен­ти магнитиаш Рт — — (1,91315±; 0,00007). Мя (Мя—магнетони ядро). Нейтронро олими англис Ҷеймс Чедвик кашф кардааст (1932). Ядрои ҳамаи атомҳо аз Нейтронҳо ва протонҳо таркиб ёфтааст. Хосиятҳои Нейтрон ва протон ба ҳамдигар монанданд, ки дар бароба­рии спинҳошон, наздик будани мас­саи сукунаташон, қобилияти ба ҳамдигар мубаддалшавиашон (масалан, ҳангоми бета-коҳиш), ҳамчунин ба заряд новобаста будани қувваҳои ядроӣ зоҳир мегарданд.

Ин хосиятҳо имкон медиҳанд, ки Нейтрон ва протонро чун ду ҳолати (электрӣ заряд­нок ва безаряд) як зарра — нуклон муоина кунем. Нейтрон дар ҳолати озод ноустувор аст: он бо даври нимкоҳиши Т1/2=(1,01±0,03).10э сония ба протон, электрон на антинейтрино ҷудо мешавад. Нейтронҳо ба cap задани реакцияҳou ядрой, аз он ҷумла, ре­акцияи занҷирии тақсимшавии ядроҳои вазнин (торий, уран, плуто­ний), ки дар реакторхои ядроӣ ба а мал меоянд, боис мсгардад. Нейтронҳоро барои ҳосил кардани изотопҳои ра­диоактиви сунъӣ ва дар нейтроно­графия истифода мебаранд. Антизарраи Нейтрон антинейтрон аст, ки аз Нейтрон бо аломати моменти магнитиаш фарқ мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …