Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейрохирургия

Нейрохирургия

Нейрохирургия, илми клиникиест, ки назарияю амалияи ташхис ва бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани бемориҳои системаи асабро меомӯзад. Нейрохирургия соҳаҳои зеринро дар бар ме­гирад: нейроонкология, нейротравматология, нейроангиология ва ғайра.

Нейрохирургия чун илми мустақил дар аввали асри 20 ҷудо шуд. Аввалин ҷарроҳии ней­рохирургӣ — трепанасия (кушодани косахонаи сар)-и одам ҳанӯз дар асри санг гузаронида шуда буд. Аммо  фақат охири асри 19 дар натиҷаи истифодаи асептика, антисептика ва наркоз мунтазам гузаронидани ҷарроҳии нейрохирургӣ имконпазир гардид. Нейрохирургия дар нимаи аввали асри 20 хеле тараққӣ кард. Дар ин давраи тараққиёти Нейрохирургия олимони америкоӣ X. Ку­шинг. немис В. Данди ва Г. Оливекрон, франсавӣ  Т. де Мартел, рус В. М. Бехтерев ва Н. И. Бурденко саҳми босазо гузоштанд. Дар СССР баробари таъсиси Институтҳои нейрохирургии Москва, Ленинград ва Киев мактабии ягонан нейрохирургии советӣ ташкил шуд.

Соли 1957 Федератсияи умумиҷаҳонии ҷамъиятҳои нейрохирургӣ ташкил шуд. ки он нейрохирургҳои мамлакатҳои гуногунро муттаҳид мекунад. Ҷамъияти умумииттифоқии нейро­хирургҳо дар СССР соли 1947 ташкил ёфт. Масъалахои Нейрохирургия дар журнали «Вопро­сы нейрохирургии» (аз 1937) ва нашрияҳои умумии тиббӣ нашр меёбанд.

Тараққиёти Нейрохирургия дар Тоҷикистон бо номи асосгузори Нейрохирурги тоҷик 3. П. Хоҷаев вобаста аст. Ӯ аввалин шуда (1955) дар республика омоси мағзи сарро ҷарроҳӣ кардааст. Ҳоло дар республика 2 шуъбаи нейрохирургӣ дар наади беморхонаи клиникии шаҳрҳои Душанбе ва Ленинобод амал мекунад. Кормандони шуъбаҳои нейрохирургии ба ними 3. П. Хоҷаеви назди беморхонаи клиникии рес­публикавии № 3 (Душанбе) оид ба масъалаҳои нейротравматология тадқиқот мебаранд. Ҷамъияти илмии республикавии нейрохирургҳо аз соли 1979 амал мекунад.

Адабиёт: Многотомное руководство по хи­рургии. том 3 (книга 1—2), том 4, Москва. 1963—68; Иргер И. М., Нейрохирургия. Москва, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …