Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нейропсихология

Нейропсихология

Нейропсихология, соҳаи пси­хология, ки просессҳои психикии асоси майна ва алоқаи онҳоро бо системаҳои алоҳидаи мағзи cap меомӯзад. Психологияи идеалистӣ дар тӯли асрҳо тасдиқ мекард. ки просессҳои майна (физиологӣ) ва шуурнокӣ (психологӣ) бевосита ба ҳамдигар ё баробар, ё ба тариқи таъсири муайяни тарафайн, вале мустақилона ҷорӣ мешаванд. Масъалаи неврологии клиникӣ оид ба вобастагӣ доштани фаъолияти психикӣ аз ҳаракати нимкураи мағзи cap танҳо дар нимаи дуюми асри 19 омӯхта шуд.

Муайян шуд, ки иллатнокии локалии қисмҳои алоҳидаи қишри чапи (идоракунандаи) нимкураи cap боиси вайроншавик просессҳои алоҳидаи психикӣ (босира, сомеа, нутқ, хат, хондад, ҳисоб) мегардад. Бинобар ин локализатсияи функсияҳои алоҳидаи психикӣ дар маҳдудияти як қисми майна марказ дониста шуд. Нейропсихологияи замонавӣ просессҳои олии психикии одамро системаҳои мураккаби функсионалӣ мешуморад, ки онҳо як марказ надошта, ҳангоми иштироки комплексҳои мураккаби ҳамроҳи аппаратҳои майна коркунанда ба вуқӯъ меоянд.

Адабиёт: Соколов Е. Н., Механизмы па­мяти, Москва, 1969; Цветкова Л. С., Психологические основы восстановительно­го обученил, Москва 1972; Л у р и я А. IV, Основы нейропсихологии, Москва 1973.  В. Солибоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …