Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нейман Станислав Костка

Нейман Станислав Костка

Нейман (Neumann) Станислав Костка (5. 6. 1875, Прага — 28. 6. 1947, ҳамон ҷо), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1945). Соли 1893 барои иштирок дар ҳаракати студентон ва коргарони ҷавон ба хабс гирифта мешавад ва аввалин шеърҳояшро дар он ҷо менависад. Солҳои 90 ба символистон ҳамроҳ буд (маҷмӯаи «Ман хавории хаёти нав», 1896 ва ғайра). Дар маҷмӯаи «Хоб дар бораи издиҳоми ноумед ва шеърхои дигар» (1903) муборизаи оммаи халкро дар роҳи озодӣ васф намудааст; маҷмӯаи «Сурудҳои чехӣ» (1910) муборизаи миллию озодихоҳонаро инъикос мекунад. Соли 1914 маҷмӯаи ли­рикаи пейзажӣ ва фалсафии «Китоби бешаҳо, теппаҳо ва обхо»-ро нашр кард; дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳон (1914—18) ба мавзӯи шаҳр рӯ оварда, баъзе воситаҳои ҷараёни модернистиро истифода бурда аст (маҷмӯаи «Сурудҳои нав», 1918). Хотираҳои ҷангии шоир дар маҷмӯаи «Сӣ суруди солҳои харобӣ» (1918) инъикос ёфтаанд. Бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба мавқеи марксистӣ гузашт; дар ташкили Партияи Коммунистии Чехословакия иштирок намуд. Нейман назариётчӣ ва пропагандисти пурэҳтироси санъатп пролетарӣ буд. Маҷмӯаи «Сурудхои сурх»-и  (1923) яке аз аввалин асарҳои реалистии назми чех аст. Маҷмӯаи«Муҳаббат» (1933) лирикаи қаҳрамонаи Нейманро дарбар мегирад. Ашъори Нейман бо рӯҳи баланди гражданӣ суруда шудааст: маҷмӯаҳои «Дил ва абрхо» (1935), «Сонатаи уфуқхои заминӣ» (1937), «Соли беохир» (1945), «Солҳои вабо» (1946) ва ғайра. Муаллифи ро- мани «Абри тиллоӣ» (1932) ва бисёр таълифоти публитсистӣ, репорта­жӣ, ёддоштӣ ва монографияҳои илмию оммавӣ мебошад.

Ад.: Шерлаимова С., Ст. К. Ней- мав, М., 1959.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …