Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нехода Иван Иванович

Нехода Иван Иванович

Нехода Иван Иванович (06. 06. 1910, деҳаи Алексеевкаи ҳозира райони Валковскии вилояти Харков—17. 10. 1963, Киев), нависандаи советии украин. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти маорифи халқ» Харков (1932) ва факултети стсенарии Институти умумииттифоқии кинематографияро (1939) хатм кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Асарҳояш аз соли 1925 нашр шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори лирикии «Оғози суруд» (1937), «Кишвари Днепр» (1939), «Фронти ҷанубӣ» (1943), «Манзилҳои ҷангалӣ» (1944), «Роҳи ид» (1945) ва ғайра Лирика ва достонҳои Нехода ҷаҳояфаҳмии ҳамзамо- нонро инъикос менамоянд. Романи манзуми «Чоҳкан зери чоҳ» (1959) ба қисмати насли давраи ҷанг бахшида шудааст. Барои бачаҳо низ осори зиёде дорад. Асарҳои Нехода ба забонҳои халқҳои СССР тарҷума шу­даанд. Шеърҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи Нехода дар маҷмӯаҳои «Назми дӯстон» (Сталинобод, 1961), «Антологияи назми украин» (Сталино­бод, 1961) ва «Тӯҳфаи дӯстон» (Ста­линобод, 1961) ба табъ расидаанд. Бо 3 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …