Маълумоти охирин
Главная / Илм / Невроз

Невроз

Невроз (аэ юн. neuron — асаб), бемориҳои асабу рӯҳӣ, ки дар натиҷаи кори вазнин, шароитҳои душвори зиндагӣ, истироҳати номунтазам, хоби нороҳат, вайроншавии фаъолияти системаи асаби марказӣ рӯй ме­диҳанд. Мафҳуми Неврозро соли 1776 духтури шотландӣ У. Куллен пешниҳод намудааст. Бемориҳои музмини баъзе узвҳои дарунӣ, сироят, заҳролудшавӣ (хусусан аз тамоку ва алкогол), ҷароҳати устухону мағзи cap, ба режими рӯз риоя накардан, вайроншавии фаъолияти ғадудҳои дохилпусоравӣ ва ғайра боиси авҷгирии Невроз мегарданд. Невроз се хел мешавад: неврастения, истерия ва психасте­ния. Дар ҳамаи намудҳои Невроз тағйироти рӯҳӣ (вайроншавии кайфият, хоб, ба худ боварӣ надоштан, нохушӣ ва ғайра), дигаргуншавии функсияи узвҳои гуногун (тез задани дил, тағйирёбии фишори хун ва ғайра) му­шоҳида мешавад. Масалан, дар занҳо ҳангоми фарорасии даври ҳайз ҳисси тапиши дил ё аз кор мондани он пайдо мешаванд; сари баъзе беморон дард карда бемадор мешаванд, баъд дасту по хунук шуда беморро ларза мегирад ва бемор каме аз ҳуш меравад; ин ҳисҳо хавфнок набошанд ҳам, организмро суст ва қобилияти кориро паст мекунанд.

М у о л и ҷ а: ба режими меҳнат ва истироҳат риоя кардан; истеъмоли доруҳои таскиндиҳанда, муқаввӣ, витаминҳо ва ғайра; физиотерапия, балнеотерапия ва психотерапия; табо­бати санаторию курортӣ ва ғайра.

Адабиёт: Портнов А. А., Федотов Д. Д.. Неврозы, реактивные психозы и психопатии, Москва, 1957; Свядош А. М., Неврозы и их лечение, Москва 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …